Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — маҷлиси вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони гурӯҳҳои мухолиф ва фармондеҳони саҳроӣ, ки аз 16.11.1992 то 2.12.1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд бо мақсади барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ доир гардид. Дар Иҷлосия аз 230 нафар вакили халқ 193 нафар иштирок доштанд ва дар маҷмӯъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 2 муроҷиатнома қабул карданд.
Масъалаҳои муҳими Иҷлосия
вироишАввалин масъалаҳои ҳаётан муҳимме, ки дар Иҷлосия баррасӣ карда шуданд: тадбирҳо барои эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар ҷумҳурӣ, барқарор кардани ҳамаи шохаҳои ҳокимият дар тамоми минтақаҳои мамлакат, таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва ба шароити нав мутобиқ кардани он, таъсиси артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳаддӣ барои пурзӯр кардани ҳифзи сарҳадди давлатии Тоҷикистон, таъмини амнияти давлатӣ ва пуштибонӣ аз дастовардҳои истиқлолият, ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва аз буҳрон баровардани кишвар, интихоби раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъйин намудани сарвазири мамлакат, қабули муроҷиатнома ба мамлакатҳои аъзои ИДМ дар бораи ба Тоҷикистон фиристодани нерӯҳои сулҳдӯст, ба ҷои муқимии зиндагӣ бозгардонидани гурезагон, тасдиқ намудани аъзои Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳукумати иттифоқи (коалитсионӣ)-и он давр нуфузи худро танҳо дар пойтахт ва баъзе ноҳияҳои гирду атрофи он нигоҳ медошт; минтақаи Кӯлоб ва қисми зиёди шимоли ҷумҳурӣ аз фаъолияти он начандон розӣ буданд. Қувваҳои сулҳхоҳи ИДМ аз ворид кардани қувваҳояшон даст кашиданд. Ягона роҳи халосӣ аз вартаи беҳокимиятӣ ва хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ даъвати Иҷлосия-и Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз ин рӯ, мардуми Тоҷикистон барои ба эътидол овардани вазъият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иҷлосия умеди бузург дошт.
Дар Иҷлосия вакилони мардумӣ истеъфои Президент Раҳмон Набиевро тасдиқ карда, 19.11.1992 186 вакил ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд ва ӯ Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — роҳбари давлат интихоб гардид. Дар Иҷлосия Раиси тозаинтихоби кишвар Эмомалӣ Раҳмон мақсад ва ҳадафи асосии худро чунин баён карда буд: «Ба хотири истиқрори сулҳи пойдор ва бозгашти ҳамаи фирориён ба Ватан ман тайёр ҳастам, ки ҷонамро қурбон созам». Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ бо қабул намудани Муроҷиатнома ба сарварони гурӯҳҳои мусаллаҳ роҷеъ ба имзои созишномаи барои истиқрори сулҳ ва ягонагӣ, таъмини истиқлол иқдоми нахустин гузошт. Дар ин санади тақдирсоз аз ҷумла изҳор шуда буд: «Бо мақсади таъмин намудани ягонагӣ ва муттаҳидии ҷумҳурӣ Шуморо даъват менамоем, ки 25-уми ноябри соли 1992 дар соати 14 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҳукумати Тоҷикистон иштирок намоед. Ҳукумати Тоҷикистон ба бехатарии Шумо кафолат медиҳад». Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сарварони тарафҳои муқобилро ба иштирокдорони иҷлосия муаррифӣ карда, таъкид кард: «Ин иҷлосия тақдирсоз аст, бояд донем, ки тақдири ояндаи миллат, кишвар, ватан, давлат дар дасти мост. Аз ин лиҳоз, бояд худшинос шавем, хиради волои хешро баҳри якпорчагии ҷумҳурии азизамон истифода барем. Баъди ба ҷойҳои худ рафтан яроқро ба замин гузорем, оромии мардумро таъмин намоем». Пас аз суханронии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури намояндагони халқ ва сарварони гурӯҳҳои силоҳбадаст иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афви умумӣ»-ро қабул намуд. Бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми ноябри соли 1992 Рӯзи Сулҳ ва Ҳамраъйии халқҳои кишвар эълон гардид. Дар ҷойи намоёни Қасри Арбоб чунин шиор намоён буд: «Намояндагони муҳтарам! Шумо ба ин ҷо бо мақсаде омадед, ки ба хунрезӣ хотима гузоред. Дар сарзамини Тоҷикистон бояд сулҳ тантана кунад!»
Бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон 20.11.1992 ду ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ: «Муроҷиатнома ба ҳамаи аҳзоби сиёсӣ, ҳаракатҳо, созмонҳо ва меҳнаткашони ҷумҳурӣ» ва «Изҳороти Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Вакилони мардумӣ 25.11.1992 бо фармондеҳони саҳроии тарафҳои муқобил вохӯрда, барои вазъияти кишвар ва ояндаи миллату давлати тоҷикон суҳбат оростанд.
Дар Иҷлосия ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе тағйироту иловаҳо ворид шуданд, аз ҷумла, барои якҷо кардани вилоятҳои Кӯлобу Қурғонтеппа қарор қабул шуда, ин воҳиди нави маъмуриро «Вилояти Хатлон» номгузорӣ карданд; низоми дунявии давлат муқаррар шуд. Иҷлосия дар мавриди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои муайян қабул кард. Аз ҷумла, муайян кардани шарикони стратегии кишвар хеле муҳим буд (Федератсияи Руссия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва ғ.). Иҷлосия ҳамчун субъекти баробарҳуқуқи ИДМ будани Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба назар гирифта, дар вазъи фавқулода, набудани артиши миллӣ бо мақсади ҳимояи аҳолӣ ва объектҳои ҳаётан муҳим аз амалҳои террористӣ, харобкорӣ, барқарор намудани сулҳ ва тартиботи ҳуқуқӣ аз роҳбарони мамлакатҳои ИДМ — иштирокдорони мулоқоти Алма-ато (ноябри соли 1992) муроҷиат намуда, хоҳиш кард, ки ба Тоҷикистон нерӯҳои маҳдуди сулҳҷӯёнаро фиристонанд. Дар моҳи декабри соли 1992 иҷлосияҳои Шӯрои Олии Ӯзбекистон ва Қазоқистон бо мақсади амалӣ гардонидани хоҳиши Парламенти Тоҷикистон ва дар бораи таъмини сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон ва фиристодани теъдоди маҳдуди нерӯи ҳарбӣ қарор ба тавсиб расониданд.
Дар тӯли ду соли истиқлол (1991—1992) ду президент, чанд раиси Шӯрои Олӣ ва ҳукумати ба ном «Муросои миллӣ» иваз шуданд, шахсиятҳои таҷрибадор бо ақидаву афкори мухталиф ба сари ҳокимият омаданд, вале ба ҳеч кадоме аз онҳо идораи ҳокимияти давлатӣ муяссар нашуд. Дар ин маврид раиси нави Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиати худ чунин изҳор дошт: «Ба ҳурмати наҷот додани Тоҷикистон ва хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, ба хотири ба даст овардани сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ, ба мақсади ягонагӣ ва муттаҳидии тамоми халқҳое, ки сокини ҷумҳуриамон мебошанд, даъват менамоем, ки дар Иҷлосия иштирок намоед». Дар Иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки «Мо Тоҷикистони демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ барпо мекунем». Дар воқеъ, ин таъкиди ӯ баъд дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум ёфт ва шакли қонунӣ гирифт. Ҳамзамон дар Иҷлосия нишона (атрибут)-ҳои давлатӣ низ муайян шуданд. Иҷлосия нахустин тадбири сиёсие буд, ки дар он тарафҳои мухолиф иштирок ва суханронӣ карда, барои сулҳу оштӣ иқдом намуданд. Масъалаи афви умумӣ ҳам ба масъалаҳои асосии рӯзномаи Иҷлосия дохил шуд. Иҷлосия қарор кард, ки шахсоне, ки аз 27.03.1992 то 25.11.1992 дар муқовиматҳои мусаллаҳона иштирок карда, ҷиноят ё амалҳои ғайриқонунӣ содир намуда буданд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида намешаванд. Ҳукумати нав 11.12.1992 ба шаҳри Душанбе ворид гардид ва Эмомалӣ Раҳмон аввалин фармонҳоро барои супоридани яроқу таъмини озуқаворӣ ба тасвиб расонд.
Натиҷаи Иҷлосия
вироишИҷлосия барои ба ҳам омадани тарафҳои даргир бунёди устувор гузошт, ки бо роҳҳои ҳалли низои байни тоҷикон ва то ҷое дар ташаккули ғояи «Гуфтугӯи тамаддунҳо» низ замина фароҳам кард. Ҳамчунин Иҷлосия заминаи муҳим барои истиқрори сулҳ, ризояти миллӣ ва ҳамбастагии мардуми кишвар гузошт. Аҳаммияти бузурги Иҷлосия дар он буд, ки волоияти қонун барқарор шуд ва ҳалли масъалаҳои муҳимми сиёсӣ бо роҳи конститутсионӣ шурӯъ гардид. Дар нахустин гузориш худ Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ин ки вазъро ором намоем…». Иҷлосия нақши бузурги созандагию бунёдкорӣ дошта, якпорчагии Тоҷикистон, ваҳдати миллӣ ва таҳқими сулҳи Тоҷикистон аз он оғоз мегирад. Иҷлосия исбот кард, ки миллати тоҷик дорои қувваи солим ва иродаи қавиест, ки кишварро аз буҳрони сиёсӣ берун бароварда метавонад. Аҳаммияти таърихии Иҷлосия барои дарки худшиносӣ ва ҳувияти миллии тоҷикон ва мардуми Тоҷикистон арзиши бузурги таърихие дорад, ки имрӯз мояи ифтихор аст. Иҷлосия истиқлоли воқеии миллати тоҷикро бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъмин карда, барои худшиносии миллӣ ва иқдоми муҳимми сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Бо мақсади қатъи ҷангу хунрезӣ, баргардонидани гурезаҳо ва сарҷамъ кардани миллат, аз байн бурдани ҳисси нобоварии маҳалҳои гуногуни кишвар нисбат ба якдигар, барқарории фаъолияти шохаҳои ҳокимият ва таъмини қонуният, яъне тақдири ояндаи наздиктарини ватанамон, аз ҷониби Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳое андешида шуданд, ки хулосаи онҳо чунин аст:
- Вобаста ба марҳалаи ҳассоси сиёсӣ ва вазъияти баамаломада фаъолияти институти президентӣ боздошта шуд ва салоҳиятҳои Президенти мамлакат муваққатан дар байни Раисони Шӯрои Олӣ, Шӯрои Вазирон ва Раёсати Шӯрои Олӣ тақсим карда шуданд. Роҳбарии Шӯрои Олӣ ва Раёсати он ба зиммаи Раиси Шӯрои Олӣ гузошта шуд ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати мақоми олии иҷроия ва амрдиҳанда, асосан, барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ масъул гардид;
- Фаъолияти сохторҳои ҳокимияти давлатӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто вилоятҳо фалаҷ шуда буд ва дар як қатор маҳаллу минтақаҳо ҳокимияти иҷроия комилан аз байн рафта, идораи корҳо ва умуман тақдири мардумро шахсон ва гурӯҳҳои силоҳдор ба даст гирифта буданд. Бо туфайли иҷлосия ҳамаи шохаҳои хокимият дар тамоми манотиқи мамлакат барқарор гардид.
- Масъалаи муҳимтарин таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва ба шароити нав мутобиқ намудани он буд. Бо ин мақсад ба Конститутсияи соли 1978 ва қонунҳои мавҷуда як қатор тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.
- Масъалаи таъсис додани артиши миллӣ ва кувваҳои сарҳаддӣ ба хотири пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон, таъмини амнияти давлатӣ ва пуштибонии дастовардҳои истиқлол буд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон / М. Абдураҳмон // Исҳоқ — Кашиш. — Д. : СИЭМТ, 2020. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 9). — ISBN 978-99975-68-17-5.
- Рахмон Э. Таджики в зеркале истории. Д., 2002;
- Ғафаров У. Иҷлосияи саодати миллат. Хуҷанд, 2002;
- Хайдаров Г. Х. История таджикского народа ХХ век. Худжанд, 2002;
- Тоатов Ҳ. С. Нақши иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳи тоҷикон // Ахбори ДМТ. 2018.