Раҳмон Набиев
Раҳмон Набиев (Набиев Раҳмон Набиевич; 5 октябри 1930, — 11 апрели 1993) — ходими сиёсӣ ва ҳизбии ИҶШС ва Тоҷикистон, раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз соли 1973 то 1982, котиби якуми КМ Ҳизби коммунистии Тоҷикистон аз соли 1982 то 1985, президенти якуми Тоҷикистони мустақил аз соли 1991 то 1992.
Раҳмон Набиевич Набиев | |
2-умин Президенти Тоҷикистон
|
|
2 декабри соли 1991 — 7 сентябри соли 1992 | |
Пешгузашта |
Қаҳҳор Маҳкамов (ҳамчун президенти ҶШС Тоҷикистон) Акбаршо Искандаров (и. в.) |
Ҷонишин |
Акбаршо Искандаров (и. в.) Эмомалӣ Раҳмон |
23 сентябр — 2 декабри соли 1991 | |
Пешгузашта | Қадриддин Аслонов |
Ҷонишин | Сафаралӣ Кенҷаев |
9-умин Котиби якуми КМ Ҳизби коммунистии Тоҷикистон
|
|
20 апрели соли 1982 — 14 декабри соли 1985 | |
Пешгузашта | Ҷаббор Расулов |
Ҷонишин | Қаҳҳор Маҳкамов |
20 июли соли 1973 — 20 апрели соли 1982 | |
Пешгузашта | Абдулаҳад Қаҳҳоров |
Ҷонишин | Қаҳҳор Маҳкамов |
Таваллуд |
5 октябр 1930 |
Даргузашт |
11 апрел 1993 (62 сол) Хуҷанд, Вилояти Суғд, Тоҷикистон |
Мадфан | Хуҷанд, Тоҷикистон |
Ном ҳангоми таваллуд | Набиев Раҳмон Набиевич |
Ҳамсар | Майрам Саидуллоевна Набиева |
Фарзандон |
писарон: Рустам ва Рашид духтар: Мунаварра |
Ҳизб | КПСС (1961—1991) |
Таҳсилот | |
Эътиқод | ислом, суннӣ |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишРаҳмон Набиев 5 октябри соли 1930 дар деҳаи Шайхбурҳони ноҳияи Хуҷанд, ки феълан ноҳияи Ғафуров номида мешавад ва марбути вилояти Суғд аст, дар оилаи деҳқон чашм ба дунёи ҳастӣ кушодааст. Раҳмон Набиев фаъолияти кории худро соли 1946 ба ҳайси муҳосиб дар колхоз шурӯъ кардааст. Ҳамон сол ӯ ба техникуми хоҷагии қишлоқи Ленинобод (Хуҷанд) дохил гардида, баъди хатми он соли 1949 ба Институти ирригатсия ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи шаҳри Тошканд қабул мешавад. Солҳои 1954-1955 Раҳмон Набиев ба ҳайси сармуҳандиси Стансияи мошинӣ- трактори (МТС)-и ноҳияи Исфисор кор кардааст. Аз соли 1956 то соли 1960 ӯ аввал сармуҳандис, баъдан директори стансияи тармиму техники (РТС)-и ноҳияи Хуҷанд, сардори сарраёсати вазорати хоҷагии қишлоқ, ҷонишини раиси Иттиҳодияи ҷумҳуриявии «Таджиксельхозтехника» шуда фаъолият кардааст.
Фаъолияти сиёсӣ
вироишҶШС Тоҷикистон
вироишАз соли 1961 ӯро ба корҳои ҳизбӣ мегузаронанд. Ӯ ба ҳайси муовини мудири шуъба ва баъдан мудири шуъбаи Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, нозири Бюрои Осиёимиёнагии КМ Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ низ фаъолият кардааст.
Солҳои 1971-73 вазири хоҷагии қишлоқ, солҳои 1973-1982 раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон будааст. Солҳои 1982-1986 Котиби аввали КМ ҲКТ буд. Ӯ инчунин депутати даъватҳои 9-11-уми Шӯрои Олиии Иттиҳоди Шӯравӣ ва соли 1990 депутати Шӯрои Олии ҶТ интихоб мешавад[1].. Сентябри соли 1991 ӯро Раиси ҳамин Шӯрои Олӣ интихоб мекунанд.
Президенти Тоҷикистон
вироиш24 ноябри соли 1991 дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аввалин интихоботи президентӣ баргузор мегардад, ки дар он Раҳмон Набиев бо касби 56, дар сади оро ғолиб дониста мешавад. Мухолифонаш ӯро ба тақаллубкорӣ муттаҳам месозанд.
Ҷанги шаҳрвандӣ
вироишМоҳи майи соли 1992 дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ мешавад. Ҳодисаҳои сиёсии кишвар аз он шиддат мегиранд, ки дар телевизиони тоҷик барномаеро бо ширкати марҳум Сафаралӣ Кенҷаев доир мекунанд, ки дар он Кенҷаев вазири умури дохила Мамадаёз Навҷувоновро ба содир кардани корҳои ғайриқонунӣ дар вазораташ айбдор мекунад.
Рӯзи дигар тарафдорони генерал дар майдони Шаҳидон ба тазоҳурот баромаданд. Онҳо дар аввал хоҳони узрхоҳии Кенҷаев шуданд, вале баъдан ба ин тазоҳурот дигар қувваҳои сиёсӣ ҳамроҳ шуданд ва талаби истеъфои Кенҷаевро пеш гузоштанд. Чанд муддат пас дар майдони «Озодӣ» мухолифони тазоҳуркунандагони майдони «Шаҳидон» ба гирдиҳамоӣ ҷамъ шуданд. Хулоса, дар миёни созмондиҳандагон ва тарафдорони ҳарду майдон қувваҳое буданд, ки вазъиятро мутташаниҷ месохтанд ва нооромиро мехостанд.
Билохира кор ба ҷое расид, ки дар дасти ширкаткунандагони ин тазоҳуротҳо ба таври қонуниву ғайриқонунӣ силоҳ пайдо шуд. Муродилоҳ Шерализода, сардабири рӯзномаи парламентии «Садои Мардум»-ро, ки 5-уми май аз тири то ба имрӯз фарди номаълум ба ҳалокат расид, аввалин қурбонии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон медонанд. Суботу оромӣ аз ин ба баъд дар кишвар барҳам хӯрд. Мухолифини Раҳмон Набиев ӯро маҷбур ба таъсиси Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ карданд.
Дар бархе аз минтақаҳои Тоҷикистон ин ҳукуматро ғайриқонунӣ дониста, алайҳи он муборизаи мусаллаҳонаро шурӯъ карданд. 7 сентябри соли 1992 дар майдони ҳавоии шаҳри Душанбе як гурӯҳи силоҳбадастон Раҳмон Набиевро маҷбур ба додани истеъфо аз мансаби президентӣ мекунад. Раҳмон Набиев баъди ин ҳодиса дар фурӯдгоҳ дигар ба сиёсат барнагашт.[2]
Дар иҷлосия таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Хуҷанд баргузор гардид, Раҳмон Набиев дар суханронии худ аз сиёсати пешгирифтаи Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ кард.
Марг ва дафн
вироишРаҳмон Набиев 11 апрели соли 1993 дар хонаи худ, дар Хуҷанд аз дунё чашм пӯшид. Расман сабаби марги ӯро ҳамлаи қалбӣ эълон карданд. Вале муҳаққиқону коршиносон фарзияҳои дигарро низ пешниҳод мекунанд.
Ҷоизаҳо ва бузургдошт
вироишБо орденҳои Ленин, Инқилоби Октябр, 3 ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба номи Раҳмон Набиев гузошта шудааст.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Список депутатов Верховного Совета СССР 11 созыва
- ↑ Кто вынудил Рахмона Набиева уйти в отставку?(тоҷ.). www.asiaplustj.info. 1 октябри 2021 санҷида шуд.