Йорген Сандвик Лангҳелле (норвегӣ: Jørgen Sandvik Langhelle, тав. 18 августи соли 1965, Саннес, Ругаланн - 21 августи 2021, Несодден, Акерсҳус, Норвегия) — ҳунарпеша, коргардон, филмноманавис, продюсер, наворбардор ва таҳриргари норвегӣ.

Йорген Лангҳелле
норвегӣ: Jørgen Langhelle
Ном ба ҳангоми таваллуд: Йорген Сандвик Лангҳелле
Таърихи таваллуд: 18 август 1965(1965-08-18)
Зодгоҳ: Саннес, Ругаланн, Норвегия
Таърихи даргузашт 3 август 2021(2021-08-03) (55 сол)
Маҳалли марг: Несодден, Акерсҳус, Норвегия
Шаҳрвандӣ:  Норвегия
Касб: ҳунарпеша
коргардон
филмноманавис
продюсер
наворбардор
таҳриргар
Корнома: 1995 — 2021
Самт: драма, комедия
IMDb: ID 0486433
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Йорген дебюти худро дар театри норвегӣ дар як намоишномаи кабуки соли 1985 оғоз кардааст. Солҳои 1993—1995 дар Театри нави Осло ва дигар театрҳо кор кардааст. Йорген фаъолияти филмии худро соли 1995 оғоз кардааст. Вай дар нақшҳои чунин нависандагон нақшҳо бозидааст: Анне-Катарина Вестлӣ, Олав Дуун, Астрид Линдгрен, Бернард-Мари Колтес ва дигарон.

Лангҳелле дар ду силсилафилми хурди норвегӣ «Deadline Torp» (2005) ва «Torpedo» (2007) нақш офаридааст, инчунин дар филмҳои ба монанди Kristin Lavransdatter (1995), Elling (2001), I Am Dina (2002), Tyven, tyven (2002), Ulvesommer (2003) and En folkefiende (версияи муосири пйесаи Ҳенрик Ибсен «Душмани халқ») (2005)[1]. Моҳи марти соли 2010, Лангҳелле дар филми «Thing», соли 2011 дар филми филми даҳшатноки Ҷон Карпентер соли 1982, бо ҳамон ном ҳунарнамоӣ намудааст[2]. Йорген Лангҳелле инчунин бори аввал бо Cato M Ekrene филми кӯтоҳи «Иҷро»-ро дар соли 2014 коргардонӣ кардааст.

3 августи соли 2021 қалби Йорген аз тапиш боз монд.

Филмнома

вироиш

Пайвандҳо

вироиш