Кабкпалав - як намуди палав аст.

Тарзи тайёр кардани Кабкпалав вироиш

Кабкро пар канда, тоза мекунанд ва дар оби ҷӯш мешӯянду ба дарунаш қимаю кабудӣ меандозанд. Барои қима гӯшти лаҳмро бо пиёзу сир аз гӯштқимакунак гузаронда, кабудӣ, намак, адвиёт андохта, хуб меомезанд. Дар равғани доғ аввал кабк, сипас пиёз, сабзӣ андохта, бирён мекунанд. Ба дег об рехта, зирбакро 20-30 дақиқа дар оташи паст меҷӯшонанду аввал намаку адвиёт ва баъд биринҷро андохта, то обро ҷаббиданаш дар оташи баланд меҷӯшонанд ва пас аз он дам мепартоянд. Палавро ба табақ кашида, ба рӯяш кабкро пора карда мемонанд.[1]

Эзоҳ вироиш