Кавкабии Гурҷӣ
Амирхон Кавкабии Гурҷӣ (امیرخان کوکبی گرجی; машҳур ба Кавкабӣ; 1520, Табрез — 1578, ҳамон ҷо) — мусиқидон, оҳангсоз ва шоири форс-тоҷики замони Cафавиён.
Амирхон | |
Таърихи таваллуд | 1520 |
Зодгоҳ | Табрез |
Таърихи даргузашт | 1578 |
Маҳалли даргузашт | Табрез |
Пеша(ҳо) | мусиқидон |
Зиндагинома
вироишЗиндагӣ ва фаъолияти эҷодии ӯ дар замони Султон Ҳусайни Сафавӣ (1528—1557) сурат гирифта, дар шеъру мусиқӣ, таснифофарӣ маҳорати баланд дошт. Муддате дар дарбори Султон Ҳусайн хидмат карда, дар васфи ӯ ашъори рангин сохта, «Рисолаи мусиқӣ» -ро ба номи мамдӯҳаш таълиф намудааст. К. Г. дар ашъораш 12-ма-қом, 6-овоза, 24-шӯъба, таркиботи созию овозии ин маҷмӯи мусиқии устодонаро сутуда, дар «Ри-солаи мусиқӣ» (ба назму наср аст), аз осори ман-зуми мусиқии Наҷмуддин Гавҳарии Кавкабии Бухороӣ (ваф. 1535) баҳра андӯхта, нусхаи ин рисола дар захираи хаттии Китобхонаи Мулк (ш. 1652, барои Эҳтимомулмулк, котиб Алиободии Мозандаронӣ, таърихаш 1315) маҳфуз аст. К. Г. барои Султон Ҳусайни Сафавӣ таснифоти зиёде сохта, махсусан «Таснифи фатҳномаи Қандаҳор» дар ҳавзаҳои ҳунарии Эрону Хуросон шуҳрати зиёд касб намудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Д., 2009. — С. 93. — ISBN 978-99947-49-13-3.