Кавкабӣ (форсӣ: کوکبی‎; ? — қарни XV) — шоир ва сӯфии форс-тоҷик.

Кавкабӣ (шоир)

Таълифот

вироиш

Аз осори ӯ панҷ маснавии ирфонӣ боқист, ки дар пайравии Низомӣ таълиф гардидаанд:

  1. «Оина ва дил». Аз ҷиҳати мавзуъ ва вазн тақлидест ба «Маҳзану-л-асрор»-и Низомӣ. Ин маснавӣ муҳокимаҳои тасаввуфӣ ва андешаҳои фалсафиро оид ба ҷаҳони фонӣ дар бар мегирад. Кавкабӣ барои тасдиқи фикру андешаҳояш ҳикоёту тамсилҳо овардааст.
  2. «Феҳристи ҷаҳон». Дар ин маснавӣ муаллиф аз офариниши олам, пайдоиши одам ва ишқи илоҳӣ сухан кардааст.
  3. «Анвору-л-муҳаббат» достони ишқии тасаввуфист (баъзе ёдовариҳо аз ишқи «Лайлӣ ва Маҷнун» низ ҳаст);
  4. «Абвобу-л-ҷаннат» — маснавиест дар бораи тасаввуф, чиҳил тариқат ва ҳашт шарти тай намудани онҳо;
  5. «Тарозу-н-нубувват» аз ду қисм — «Дурру-л-баҳрайн» ва «Баҳру-д-дуррайн» иборат буда, дар пайравии «Искандарнома»-и Низомӣ эҷод шудааст. Дар қисми якум аз рисолати паёмбарон сухан меравад. Дар қисми дуввум зиндагиномаи паёмбар Муҳаммад (с) дарҷ гардидааст.

Ҳарчанд Кавкабӣ дар таълифи достонҳояш ба Низомии Ганҷавӣ яксар пайравӣ накардааст, ба сабки эҷодии ӯ содиқ будааст.

Адабиёт

вироиш