Кайковус (Хатти ниёгон: كیكاووس) - шоҳест аз сулолаи Каёниён, вориси Кайқубод. Гӯё 150 ё 160 сол ҳукм рондааст. Аз рӯйи баъзе ривоятҳо Кайковус набераи Кайқубод, мувофиқи «Шоҳнома»-писари ӯст.

Дар Авесто Кайковус ба шакли Кави Усан ё Кави Усадан (Kavi Usan, Kavi Usadhan), дар забони паҳлавӣ ба шакли Кай Ус, дар осори ҳиндии қадим - «Ведаҳо» ба шакли Усанас Кавийа дучор меояд. Мувофиқи ривоятҳои авестоӣ, ёдгориҳои паҳлавӣ ва «Шоҳнома» Кайковус шоҳи бузург ва муқтадир, паҳлавон ва лашкаркаш буд. Вай мисли Ҷамшеду Фаридун ҷовид буд, вале ба сабаби гуноҳҳое ин бартариро аз даст дод. Кайковус дар аксари манбаъҳо тундмизоҷу якрав, кинаҷӯ ва бадбину ҳавобаланд тасвир ёфтааст. Кайковус мувофиқи ривоят гӯё тамоми забонҳоро медонист. Ӯ ҳафт қасри ба ҳам пайваст сохта буд, ки касе ба онҳо по гузорад, аз нав ҷавони понздаҳсола мегардид ва ғ. Чунин қиссаву ривоят дар бораи Кайковус хеле зиёданд. Бо ривояте Кайковус давлати Ҳамоваронро , ки дар ҳудуди имрӯзаи водии Ҳисор буд, тасарруф кардааст. [1]

АдабиётВироиш

  • Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷ.1. - Душанбе, 1963;
  • Брагинский И. С. Из истории персидско-таджикской поэзии. - М., 1956;
  • Дьяконов М.М. Очерк истории древнего Ирана. - М., 1961;
  • Кузьмина Е.Е. В стране Афрасиаба и Кавата. - М., 1977;
  • Ҳамдам Мӯъминҷонов. Тӯрон - гаҳвораи тамаддуни ориёӣ. - Душанбе, 2004;
  • С. Одина. Санои афсона. - Душанбе, 2006.
  • Жозеф Маркварт. Веҳрӯд ва Аранг… тарҷумаи Довуд Муншизода. – Теҳрон: «Бунёди мавқуфоти дуктур Маҳмуди Афшор», 1368.
  • Ҳусайн Шаҳидии Мозандаронӣ. Ҷуғрофиёи «Шоҳнома». – Теҳрон: «Бунёди Нишопур» ва муассисаи ҷуғрофиёии «Саҳоб», 1371.

ПайнавиштҳоВироиш

  1. Донишномаи Ҳисор -Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 296 - 282
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Қаҳрамонҳо
Обтин | Ораш | Афросиёб | Исфандиёр | Фаридун | Гударз | Гурдофарид | Ҳушанг | Ҷамшед | Кова | Кай Хусрав | Каюмарс | Манучеҳр | Рахш | Руҳҳом | Рустам | Рустам Фаррухзод | Рудоба | Сом | Шағод | Симурғ | Сиёвуш | Сӯҳроб | Таҳмина | Таҳмурас | Зол | Заҳҳок
Ҷойҳо
Эрон | Турон