Кактус - (Cactaceae, оилаи рустаниҳои бисёрсолаи дупаллагист. Пояаш ғафсу сершираи курашакл, тухмшакл ва устувонашакл буда, бо хор, мӯяк ё пулакча пӯшида шудааст. Кактус метаваонад миқдори зиёди обро захира карда муддати дароз ба хушкӣ тоб оварад. Пояи Кактуc ба ғайр аз захира кардани об вазифаи фотосинтез ва бухор кардани обро низ иҷро мекунад.

Кактус
Ferocactus pilosus
Ферокактус Ferocactus pilosus,
растущий к югу от Сальтильо, Коауила.
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Cactaceae Juss. (1789), nom. cons.
Мутародифот
Типовой род
Cactus L., 1753, nom. rej.Mammillaria Haw., 1812, nom. cons.
Подсемейства, трибы и роды
Гули Кактус

Гули Кактус калон-калони (баъзан диаметраш то 25 см. мешавад) тоқа буда, асосан дуҷинса аст. Мевааш ғуҷуммеваи сершираю сертухм мебошад. Қариб 85 ҷинс ва бештар аз 2000 намуди Кактус асосан дар Амрико (аз ҷумла нисфаш дар Мексика) дар биёбонҳои тропикӣ, баъзан дар бешаю даштҳои сералафи тропикӣ ва ғ. мерӯяд.



  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».