Калтакбозӣ (рақс)
Калктакбозӣ — як навъи рақси мардонаи ҷанговоронаи тоҷикӣ мебошад.
Тавсифи мухтасар
вироишРақсро ду нафар мард ё гурӯҳи мардон таҳти навозиши созҳои мусиқӣ иҷро мекунанд. Онҳо дар ин рақс хусусиятҳои мардонагӣ, чустию чолокиро ҳам дар вақти шикор, ҳам дар вақти ҷанг ва ҳам дар рафти мусобиқа таҷассум мекунанд. Чӯбҳои одии дарозиашон 60 см ва ғафсиашон 3 см ҳамчун сози мусиқӣ низ хидмат намуда, бо зарбу усул ҳамсадо мешаванд. Иҷрокунандаҳо дутогӣ калтакҳои чӯби дар даст гирифта, қатор истода мерақсанд ва чӯбҳоро мутобиқи зарби мусиқӣ моҳирона ба бозӣ медароранд. Раққосон дар ҳар дасташон яктогӣ чӯби ҳамвор дошта, онҳоро гоҳ бо ҳам ва гоҳ ба замин зада, садо мебароранд. Ҳамин тавр, дар рақс ҳаракатҳои чарх задан ба тара- фи рост ва чап иҷро мегардад, раққосҳо гоҳе нишаставу гоҳе рост истода, дудаста чӯбҳоро ба якдигар мезананд.Рақси мазкур, умуман, пур аз ҳаракат буда, чустиву чолокӣ ва нотарсии мардонро ифода менамояд.[1]
Нигаред
вироишПайвандҳо
вироиш- Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ. www.pitfi.tj. 19 феврали 2019 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
Эзоҳ
вироиш- ↑ Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 54. – 280 с.