Каманд, таноб, ресмон, арғамчин — банд ва дом барои зинда гирифтани сайд (дар шикор) ё душман (дар ҷанг).

Лассо в прериях (из книги Prairie Experiences in Handling Cattle and Sheep, Major W. Shepherd, 1884)

Аз таноб ё чарм сохта мешавад ва нӯгаш ҳалқа­ давак дорад. Камандандоз каманд­ро ба сӯи шахс ё ҷонвари гурезпо партофта, ҳалқаро ба даври баданаш меандозад ва ба тарафи худ кашида, танг мекунад. Ҷондори гирифтор аз ҳаракат бозмонда, ба асорат меафтад. Камандро дар ҷангҳои қадим барои асир гирифтани душман ва дар шикор истифода мебурданд.

Ҳангоми муҳосираи шаҳру қалъаҳо ба нӯги Каманд чангаки филиззӣ ва чанд шохаро насб карда, онро ба самти кунгу­раву девори қалъаҳо мепартофтанд ва тавассути он худро ба боло мерасонданд. Баъзан дармуҳосира будагон низ барои аз девори қалъаҳо поин омадан ин усулро истифода мебурданд. Ҳоло камандро барои зинда гирифтани ҳайвонот - асп, гавазн ва амсоли ин истифода мебаранд. Камандандозӣ тамрину таҷрибаи бисёрро талаб мекунад ва ковбойҳои амрикоӣ дар истифодаи он маҳорат доранд. Каманд дар адабиёти классикӣ, бахусус дар «Шоҳнома», зиёд вомехӯрад:

« Ҳаме тохт Суҳроб чун пили маст,

Каманде ба бозу камоне ба даст.
Фирдавсӣ

»

Маҷозан ба маънои хами зулф ва гесу истифода шудааст:

« Гар бипечам дар каманди зулфи ту,

Чун каманд аз шарми рух печон машав.
Хоқонӣ

»

Ба маънии воҳиди ченаки дарозӣ ё саъю кӯшиши бе­ фоида кардан низ истифода шудааст:

« Дарозову паҳнои он даҳ каманд,

Ба гирд андараш тоқҳои баланд.

»

Адабиёт

вироиш