Рудолф Владимирович Камелин — доктори илмҳои биологӣ (1975), профессор, Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1987). Узви вобастаи Академияи илмҳои Русия (1990). Ходими шоистаи илми Русия. Президенти ҷамъияти ботаникони Русия (аз соли 1991).

Камелин Рудолф Владимирович
Камелин Рудольф Владимирович
Таърихи таваллуд 12 август 1938(1938-08-12)
Зодгоҳ Перм, Русия
Таърихи даргузашт 1 апрел 2016(2016-04-01)[1] (77 сол)
Кишвар
Фазои илмӣ plant taxonomy[d], Географияи рустаниҳо ва floristics[d]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои биология[d]
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Andrey A. Fedorov[d] ва Anatoliy Nikolaevitsj Ponomarjov[d]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Рудолф Владимирович Камелин Донишгоҳи давлатии ба номи А.М.Горкийи Пермро хатм кардааст, ихтисос – «биология». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: таърихи ташаккули флора, таснифи типҳои рустаниҳо, ҳифзи намудҳои нодири рустаниҳо. Солҳои 1961-1965 ходими илмии стансияи кӯҳии ботаникии Варзоб Институти ботаникаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон ва аспиранти Институти ботаникаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Русия (1965-1968). Ходими хурд ва калони илмӣ (1968-1980), муовини директор (1980-1984), мудири озмоишгоҳи рустаниҳои минтақаи аридӣ (1984-2000), мудири кафедраи ботаникаи Донишгоҳи Санкт -Петербург (1992-2002), мудири шуъбаи Гербарияи рустаниҳои рагдори Институти ботаникаи ба номи В.Л.Комарови Академияи илмҳои Русия (2000 - то имрӯз).Муаллифи зиёда аз 200 асару мақолаҳои илмӣ, роҳбар ва муҳарири донишномаи 10 ҷилдаи «Определитель флоры Средней Азии». Бо ҷоизаву мукофотҳои гуногуни ФР қадрҳиносӣ шудааст.[2][3]

Сарчашма вироиш

  1. http://www.asu.ru/news/19247/
  2. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
  3. Юбилеи и даты: Рудольф Владимирович Камелин (К 70-летию со дня рождения) // Растительность России. — 2008. — В. 13. — С. 136-137.