Камолуддини Козирунӣ

Камолуддини Козирунӣ (форсӣ: کمال‌الدین کازرونی‎; 1210, Шероз — 1290, ҳамон ҷо) — мусиқидон, донишманд, шоир, хаттот ва нависандаи форс-тоҷик.

Камолуддини Козирунӣ
Мавлоно Камолуддин
Таърихи таваллуд 1210(1210)
Зодгоҳ Шероз
Таърихи даргузашт 1290(1290)

Зиндагинома

вироиш

Улуми риёзиёт, адабиёт ва мусиқиро дар зодгоҳаш фаро гирифт. Дар назарияи мусиқӣ дониши амиқ дошт. Муддате шогирди Насируддини Тӯсӣ (1201-74) будааст. Камолуддини Козирунӣ устод ва амаки Қутбуддини Шерозӣ буда, дар навиштани қисми мусиқии «Дуррату-т-тоҷ ли-ғуррати-д-Диббоҷ» («Дар илми мусиқӣ») ӯро роҳнамоӣ кардааст. Ба «Китобу-л-мусиқа-л-кабир»-и Абунасри Форобӣ ва «Рисолату-ш-шарафия»-и Абдулмуъмини Урмавӣ тафсир навишта, осори мусиқии Форобӣ, Ибни Сино ва дигаронро намунаи хуби баррасии таркиботи илмию амалии мусиқӣ донистааст. Ӯ назарияи кайҳоншиносии пифагориёнро интиқод ва носаҳеҳ будани ақидаи онҳоро дар масъалаҳои бадеӣ ва ахлоқиву лирикӣ ошкор кардааст. Хулосаҳои илмиву таҳлилии Камолуддини Козирунӣ дар мавриди шинохти хусусиятҳои бадеию зебоишиносии шеъру мусиқӣ дар қисми мусиқии бисёр донишнома ва рисолаҳои мусиқии асрҳои 13-15 такмил ёфтаанд. Дар таҳриру такмили «Равзату-л-атиббо», «Нузҳату-л-ҳукамо», «Туҳфату-с-сайидия»-и Қутбуддини Шерозӣ саҳм гузоштааст.

Адабиёт

вироиш
  • Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Д., 2009. — С. 94. — ISBN 978-99947-49-13-3.