Камолуддин Ҳасан ибни Алӣ ибни Ҳасани Форсӣ (форсӣ: كمال‌الدين حسن بن علی بن حسن فارسی‎; 1265, Табрез12 январ 1319) — риёзидон ва физикдони эронӣ.

Камолуддини Форсӣ
Таърихи таваллуд 1265
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 12 январ 1319(1319-01-12)
Кишвар
Фазои илмӣ назарияи ададҳо[d]
Роҳбари илмӣ Қутбуддини Шерозӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Аҳли Форс буд. Назди Қутбуддини Шерозӣ дарс хонд ва мавриди таваҷҷуҳи вай қарор гирифт. Дар ҷавонӣ ба сафарҳо рафт ва аз дарсу баҳси бузургон баҳраи бисёр бурд. Форсӣ осори тоза ва мондагоре дар риёзиёт ва нуршиносӣ аз худ ба ҷо гузоштааст. Ғиёсуддин Ҷамшеди Кошонӣ аз вай бо унвонҳои Имом, Фозил ва Муҳаққиқ ёд мекунад. Муҳимтарин асари риёзии Форсӣ рисолаи «Тазкирату-л-аҳбоб фӣ баёни-л-тиҳоб» аст. «Асосу-л-қавоид фӣ усули-л-фиқарот», рисолаи «Баҳс дар зовия» (дар риёзиёт), китоби «Танқеҳу-л-манозири лазвии-л-абсор ва-л-басоир» ва китоби «ал-Басоир фӣ илми-л-манозир» (дар нуршиносӣ) аз дигар осори ӯ ҳастанд. Форсӣ китобҳои нуршиносии худро бо роҳнамоии устодаш Қутбуддини Шерозӣ навишта аст. «Танқеҳу-л-манозири лазвии-л-абсор ва-л-басоир» ба нақд, баррасӣ ва ислоҳи назариёти нуршиносии Ибни Ҳайсам ихтисос дорад.

Эзоҳ вироиш