Қутбуддини Шерозӣ
Қутбуддин Маҳмуд ибни Масъуди Шерозӣ (форсӣ: قطبالدین شیرازی; октябри 1236[1], Козирун, устони Форс — 7 феврал 1311[1], Табрез) — табиб, риёзидон, ахтаршинос, мусиқидон ва шоири эронӣ.
форсӣ: قطبالدین شیرازی | |
Таърихи таваллуд | октябри 1236[1] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 7 феврал 1311[1] (74 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | ахтаршиносӣ, пизишкӣ, риёзиёт, фалсафа ва илм |
Шогирдон | Камолуддини Форсӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишҚутбуддини Шерозӣ илмҳои тиббу риёзӣ, нуҷум, адабиётро назди падараш, ки марди донишманд буд, омӯхт. Барои такмили дониш аз Шероз ба Қазвин рафт ва ба шогирдии Котибии Қазвинӣ (Наҷмуддини Дабирон, ваф.1297) ворид шуд, илмҳои риёзӣ, нуҷум ва мусиқиро омӯхт. Бо Насируддини Тӯсӣ (1201—1273) шинос шуд ва ҳамроҳи ӯ ба Мароға рафта, аз шо-гирдони боистеъдоди ӯ буд. Дар илмҳои риёзӣ, нуҷум, фалсафа, адабиёт ва мусиқӣ дониши амиқ дошт. Созҳои мусиқӣ (рубоб, танбӯр-сато, барбат)-ро хеле хуб менавохт. Муддате ба Қуния (Туркия) сафар намуда, ба фирқаи тасаввуфии «дарзӣ» ворид шуд. Қутбуддини Шерозӣ сипас ба Табрез омада, дар хидмати элхониёни муғул буд ва эҳтироми зиёд дошт.
Эҷодиёт
вироишҚутбуддини Шерозӣ шахси донишманд, шоир, навозанда, донандаи машҳури мусиқии назарӣ буда, таълифоти мусиқии Форобӣ (875—950), Ибни Сино (980—1037), Сафиуддини Урмавӣ (1224—1294) ва диг.-ро хуб омӯхта, роҷеъ ба нуктаҳои таҳқиқии онҳо ибрози назар намудааст. Асарҳои «Қонун», «Ишорат», «Китобу-л-наҷот», Китобу-ш-Шифо"-ро ҷиддан мутолиа намуда, тавзеҳоти ҷолибе дар иртибот ба масоили мусиқии Ибни Сино баён кардааст. Қутбуддини Шерозӣ дар асараш «Ҷомеъу-л-усул» баробари дигар масоили илм оид ба махсусиёти бадеию зебоишиносии шеъру мусиқӣ ҳам нуктаҳои муҳим баён намуда, ин мавзӯъро дар асли мусиқии «Дуррат-ут-тоҷ ли ғуррат-ид-Диббоҷ» («Дар илми мусиқӣ») такмил додааст. Дар асари дигараш «Тӯҳфаи Шоҳӣ» ҳам баробари дигар мавзӯот сухан аз таркиботи созу овоз, ҳамоҳангии шеъру мусиқӣ ба миён оварда, андешаҳои таҳқиқии Форобӣ, Ибни Синоро тақвият дода, дар иртибот ба тавзеҳоти Сафиуддини Урмавӣ хулосаҳои тозаи таҳлилӣ ворид кардааст. Қутбуддини Шерозӣ таркиботи мусиқиро асосан дар «Дур-рат-ут-тоҷ…» возеҳтар баён намуда, ин асарро дар пайравии «Китобу-ш-Шифо», «Донишнома»-и Ибни Сино нигошта, аз ин хотир дар ҷараёни таҳқиқи таркиботи мусиқӣ ӯ ба Шайхурраис истиноди зиёд оварда, дар тақвияти нуктаҳои таҳлилиаш (махсусан масоили бадеию зебоишиносии созу овоз) ба хулосаҳои тоза комёб шудааст. Қутбуддини Шерозӣ дар бахши мусиқии «Дуррат-ут-тоҷ…» (аз муқаддима, 5-мақола), мавзӯоти муҳими мусиқӣ: савт (маънии он аз нигоҳи илмӣ ва амалӣ), баёну тавзеҳоти назарии Форобӣ, Ибни Сино, Сафиуддини Урмавӣ бо диди нави таҳлилӣ баррасӣ шуда, ба эроду хулосаҳои муфассирони осори мусиқии ин донишмандон ҷавоби саҳеҳ додааст. Нуктаю тавзеҳоти Қутбуддини Шерозӣ роҷеъ ба фосилаҳо (абъод), усули истихроҷ, моҳият ва усули дақиқи эҷоди фосила, таносуби байни фосилаҳо, анвои он (муттафиқ, танофур), фосилаҳои матбӯъ ва ғайриматбӯъ, изофати фосилаҳо аз якдигар, тақсими онҳо, тавсифи ҷамъу ҷинс (қаторовозҳо), баёни нисбати байни ҷамъу ҷинс, тавсифи созҳои мусиқӣ дар мисоли уд (нақши ин соз дар эҷоди пардаҳои асосӣ — мақомҳо, таркиботи он: 12-мақом, 6-овоза, 24-шӯъба ва ғайра), зарб (усул) ва таркиботи зарбӣ, табақабан-дии зарб, кайфияти зарбӣ дар мусиқӣ, шарҳи зарбҳои маъмул, тақсими замонҳои зарбӣ, дарки таркиботи зарбӣ, ҳамсонии шеъру мусиқӣ (арӯз ва мусиқӣ, саҳми эрониён дар танзиму муназзамоти зарбӣ) ва ғ. аз масоили умдаи бахши мусиқии «Дур-рат-ут-тоҷ…» буда, бисёр нуктаҳои тоза дар иртибот ба ин таркиботи мусиқӣ баён шудаанд. Ан-дешаҳои пажӯҳишӣ, таҳлилии Қутбуддини Шерозӣ оид ба сози мусиқии «сато», ки бори аввал дар таърихи му-сиқии мардумони эронӣ ба риштаи тавзеҳ омада-аст, ниҳоят муҳим буда, махсусиёти иҷроию эҷоди нағма (оҳанг) дар ин соз («сато») мӯҷаз, вале бисёр арзишманд аст. Нуктаҳои тафсирии Қ.Ш. дар иртибот ба 12-парда («Дувоздаҳмақом», таркибо-ти он) низ ҷолиб буда, дар бисёр ҳолот ӯ хулосаҳои Сафиуддини Урмавӣ (1224—1294) ва диг.-ро тасҳеҳи ҷиддӣ намуда, махсусан дар нисбати вожаю таъбирҳои мақомҳо, усули истихроҷашон дар созҳо (уд), махсусиёти савтӣ, бадеию зебоишиносӣ, таъ-сиромезии онҳо низ мушаххасу возеҳ аст. Сабки таҳқиқии Қутбуддини Шерозӣ донишномаӣ (энсиклопедӣ) буда, орӣ аз тавсифу баррасии тахайюлӣ, асотирӣ, динӣ ва фалакист. Усули таҳқиқи мусиқӣ аз дидгоҳи Қутбуддини Шерозӣдонишӣ (маърифатӣ, расионалистӣ) аст. Ӯ дар навиштаҳояш сабки таҳқиқии мусиқии Форобӣ, Ибни Синоро тақвият ва такмил дода, дар ҳар фасл, мақолаи бахши мусиқии «Дуррат-ут-тоҷ…» ва навиштаҳои дигараш пуштибонӣ намудааст. Аз ин нигоҳ метавон гуфт, ки тавассути Қутбуддини Шерозӣ фаҳмиш, сабки таҳқиқии донишии мусиқӣ дар ассри 13-14 бо диди нави тавсифию пажӯҳишӣ рӯи саҳна омад ва муҳимаш ин ки донишҳои қомусии мусиқӣ ба забони форсии тоҷикӣ сурат гирифта ва дар асрҳои баъдӣ идома ёфт[2].
Адабиёт
вироиш- Қутбиддини Шерозӣ, Дуррат-ут-тоҷ…, Р:816, ИВАН Уз. ССР;
- Ражабов И. Мақомлар масаласига доир, Тош., 1963;
- Деҳхудо Луғатнома, ҷ.84, Теҳрон, 1342;
- Содиқ И. Таърихи фарҳанги Эрон, Теҳрон, 1338;
- Нафисӣ С. Таърихи назму наср…, Теҳрон, 1334;
- Холиқӣ Р. Саргузашти мусиқии Эрон, Теҳрон, 1333;
- Шарҳи радифи мусиқии Эрон, Теҳрон, 1348;
- Музыкальная эстетика стран Востока, М., 1967;
- Машҳун Ҳ. Таърихи мусиқии Эрон, ҷ.1, Теҳрон, 1373;
- Фарҳангномаи мусиқии Эрон, Теҳрон, 1376;
- Фарҳанги Деҳхудо, Теҳрон, 1377;
- Раҷабов А. Афкори мусиқии тоҷик дар ас.12-15, Душ., 1989;
- Дададжонова И. Қутбиддин аш-Шерозийнинг мусиқӣ таълимоти (канддисс.), Тош., 2002;
- Wrigth O. Uhe modal system of Arab and Persian music, London, Oxford univer. Press, 1979.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — с. 115—116 ISBN 978-99947-49-13-3