Камолуддин Ҳусайн Хоразмии Фонӣ

Камолуддин Ҳусайн Хоразмии Фонӣ (? — 1546) — шоир, қозӣ ва донишманди форс-тоҷик ва муаллифи «Шарҳи шавоҳиди Муғанию-л-лабиб» ва «Ҳошияи шарҳи Таҷрид».

Камолуддин Ҳусайн Хоразмии Фонӣ

Зиндагинома

вироиш

Дар Хоразм таҳсил карда, нашунамо ёфтааст. Қозии Хоразм буд. Тазкиранависон ӯро чун шахси фозилу донишманд тавсиф кардаанд. Аз осораш абёти парокандаи ғазалиёташ боқӣ мондаанд, ки мазмуни ишқӣ доранд. Масалан:

Ёқути обдори лабат қуввати ҷон диҳад,
Лабташнаро ба Чашмаи Қайвон нишон диҳад.

Рисолаҳои «Шарҳи шавоҳиди муғанниюллабиб», «Ҳошияи шарҳи таҷрид» ва «Шарҳи матолеъ»-ро ба ӯ нисбат додаанд.

Адабиёт

вироиш