Камол Афзалӣ - (14 июни 1926, гузари Қӯрғончаи (Лабиғори) шаҳри Самарқанд1 майи 2003, шаҳри Душанбе), рӯзноманигор, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Ходими хизматнишододаи маданияти Тоҷикистон (1976).

Камол Афзалӣ
Таърихи таваллуд 14 июн 1926(1926-06-14)
Зодгоҳ шаҳри Самарқанд
Таърихи даргузашт 01.05.2003, шаҳри Душанбе

Ҳолнома

вироиш

Камол Афзалӣ 14 июни 1926, гузари Қӯрғончаи (Лабиғори) шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст, фарзанди Яҳё Афзалӣ аст. Донишкадаи ҳуқуқшиносии Тошкентро хатм кардааст (1950). Нозири андози шуъбаи молияи Сиёби шаҳри Самарқанд, наттоқи шуъбаи тоҷикии Комитаи радиои Ӯзбекистон (1944 - 1950), ёвари прокурори Тоҷикистон оид ба корҳои махсус, аъзои суди вилояти Сталинобод, аъзои Суди Олии Тоҷикистон (1950-1952), наттоқи радиои Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон (1952 -1953), муҳаррири масъул, сармуҳаррири Радиои тоҷик (1953 - 1963), ҷонишини сармуҳаррир (1963 - 1965), муҳарри шуъбаи адабӣ, иҷтимоию сиёсии нашриёти “Ирфон” (1965 -1969), муҳаррири масъули маҷаллаи “Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон” (1969 -1986), мутарҷим ва ходими илмии Институти чорводории Тоҷикистон (1988-2003).

Ҷоизаҳо ва ҷоизаҳо

вироиш
  • Бо ордени “Нишони Фахрӣ” (1978),
  • медали «Барои меҳнати шоён»,
  • «Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин»,
  • Ифтихорномаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон (1972, 1976) мукофотонида шудааст.

Нигаред

вироиш

Манобеъ

вироиш

Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013, - с. 26