Яҳё Афзалӣ (1893, гузари Лабиғори Самарқанд — 1928, Душанбе) — давлатмарди тоҷик, яке аз бунёдкорони фаъоли ҳаёти нав дар ҶМШС Тоҷикистон баъд аз инқилоби Бухоро. Узви ҳизби болшевикӣ аз соли 1918.

Яҳё Афзалӣ
Яҳё Афзалӣ
Таърихи таваллуд: 1893(1893)
Зодгоҳ: Самарқанд
Таърихи даргузашт: 1928(1928)
Маҳалли даргузашт: Душанбе
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Ҳизб: Ҳизби коммунистии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: Арбоби Ҳизби болшевикии Тоҷикистон ва ходими давлатӣ

Зиндагинома

вироиш

Яҳё Афзалӣ фаъолияти кориашро аз шогирди бофанда, устои гилкор оғоз намудааст. Мактаби усули ҷадидро хатм кардааст (1912). Баъди Инқилоби Октябр ҳаёти худро ба мустаҳкам кардани Ҳокимияти Шӯравӣ бахшидааст. Иштирокчии фаъоли ташкилотҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии «Иттифоқ»-и ш. Самарқанд. Яке аз ташаббускорон ва ташкилотчиёни муттаҳид гардонидани коргарони миллати маҳаллии Самарқанд дар атрофи ҳизби болшевикӣ, ташкилкунандаи дастаи Гвардияи Сурхи Самарқанд (1917—1921), муборизи диловари зидди босмачиён дар Ӯротеппа, Хуҷанд, Сулукта, Драгомиров ва Бухорои Шарқӣ (солҳои 1921—1922). ҷонишини комиссар, котиби райкоми Шаҳринави Самарқанд, раиси комиҷроияи ш.Самарқанд (солҳои 1921—1925), мудири шуъбаи агитатсияву пропагандаи Бюрои ташкилии ҶМШС Тоҷикистон дар ҲК(б) Ӯзбекистон (солҳои 1925—1926), котиби масъули кумитаи вилоятии ҲК(б) дар Ҳисор ва дар айни замон котиби масъули ҳизби болшевикӣ кумитаи шаҳри Сталинобод (солҳои 1926—1928), узви бюрои кумитаи вилоятии Тоҷикистонии ҲК(б) Ӯзбекистон.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо ордени «Ситораи Сурх» ва дигар ҷоизаҳо сарфароз гардонда шудааст.

Некдошт

вироиш

Яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба номаш гузошта шудааст.

Адабиёт

вироиш
  • Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе, 2013, — С.27