Канахона
Канахона - 1) хонаи канаю шабушкдор; 2) — яке аз ҳабсхонаҳои аморати Бухоро; 3) бинои рутбанок ва бадбӯи торик, ки дар он бандиён нигоҳ дошта мешуданд. Канахона тоза карда намешуд. Ба сару тани бандиён ба Канахона партофташуда ҳашароти паразитӣ (кана, шабуш, кайк ва ғайраҳо) часпида хунашонро мемакидан. Қисми зиёди одамони ба ин гуна ҷазо гирифторшуда аз заҳролудшавии хун ба касалӣ дучор шуда бо азоб ҷон медоданд.
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.