Караматулло Қаландаров

Караматулло Қаландаров (тав. 22.08.1938, деҳаи Ғошиёни ноҳияи Роғун), забоншинос, номзади илмҳои филологӣ (1972).

Караматулло Қаландаров
Караматулло Қаландаров
Таърихи таваллуд 22 август 1938(1938-08-22) (86 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Роғун, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1957– 1962 дар факултети таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1962–1963 муаллими мактаби миёнаи ба номи Н. Хусрави ноҳияи Файзобод, 1963–1966 аспиранти донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1966– 1971 муаллими кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб, 1971–1980 декани факултети педагогикаи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб буд. Солҳои 1980–1982, 1987–1998 вазифаи мудири кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраевро ба уҳда дошт. Оид ба ҷумлаҳои мураккаби тобеъ дар забони адабии тоҷик дар асрҳои XV-XVI дар асари «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Восифӣ кори илмӣ бурдааст. Дар давоми фаъолияти илмиву омӯзгорияш зиёда аз 25 мақолаҳои илмию методӣ нашр намудааст. Осор.: Корҳои амалӣ аз забон, Д., 1993.

Пайвандҳо

вироиш