Карамшӯрбо

  • Тарзи тайёр намудани карамшӯрбо : гӯшт ва пиёзи резашударо дар равғани тасфон то сурхшавӣ бирён мекунанд. Сипас, ба дег помидори резашуда ё хамираи помидори пухта андохта, 10 дақиқа бирён мекунанд ва баъд сабзии наргасӣ ва картошкаи гирда-гирда резашударо меандозанд. Баъди бирён шудани масолеҳ ба дег 3 литр об, қаламфур, намак, барги ғор, карами майдарезашуда андохта, 35-40 дақиқа меҷӯшонанд. Карамшӯрборо ба косаҳо кашида, ба рӯяш мурч ва кабудӣ мепошанд. Бо қаймоқ ё ҷурғот низ истеъмол мекунанд. Ба 500 г гӯшт 150 г равған, 2 пиёз, 3-4 дона помидор, ё 1 қошуқ хамираи помидори пухта, 2-3 дона сабзӣ, 300 г картошка, 300 г карам, 1 дона қаламфур, 2-3 дона барги ғор, мувофиқи табъ намак, 1 қошуқча мурч, ним бандча шибит, кашнич ё ҷаъфарӣ лозим аст.[1]

Нигаред

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 2 П–Ҷ./Дар зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р.Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ. Ҷ. 2. – М: Советская Энциклопедия, 1969, - c. 609.
  • Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.
  • Карамшўрбо // Энсиклопедияи мухтасари рўзгордорӣ. Д., 1988, с. 213.[2]
  1. Шӯрбоҳо. 18 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 феврали 2017.
  2. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 165