Каримов Хуршед Ҳилолович

Хуршед Ҳилолович Каримов (10 декабри 1935, Самарқанд - 12.01.2014) — физиолог ва биохимики тоҷик, доктори илмҳои биология (1974), академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1985), узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1981). Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996). Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2011).

Каримов Хуршед Ҳилолович
Таърихи таваллуд: 1935
Тахрихи даргузашт: 12 январ 2014(2014-01-12)
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Фазои илмӣ: зистшиносӣ
Алма-матер:

ЗиндагиномаВироиш

Донишгоҳи давлатии ба номи М. В. Ломоносови Москавро хатм кардааст (1958). Аспиранти Донишкадаи ботаникаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1958—1961). Аз с. 1961 ходими хурд, ходими калони илмй, мудири лабораторияи ғизодиҳӣ ва мубодилаи моддаҳои Шӯъбаи физиология ва биофизикаи растаниҳои АИ ҶШС Тоҷикистон (аз с. 1964 Донишкадаи физиология ва биофизикаи растанй). Ҷонишини директор оид ба корҳои илмй (1966—1986) ва аз с. 1986 директори ҳамин донишкадаи АИ ҶШС Тоҷикистон .

Осори илмӣВироиш

Каримов муаллифи 150 асару маколаҳои илмист. Асарҳои Каримов ба тадқиқи физиологияи зироати хоҷагии кишоварзӣ, ки зимистон нашъунамо мекунад, асосҳои назариявии дар заминҳои обӣ тамоми сол парвариш намудани растанй, физиологияи чигит ва ғайраҳо бахшида шудаанд. Раиси Совети координационй оид ба Программаи республикавии илмӣ-техникии «Хуроки чорво». Раиси Правленияи ҷамъияти «Дониш»-и АИ ҶШС Тоҷикистон.

МукофотВироиш

МанобеъВироиш

  • Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.

НигаредВироиш