Каримхон Қурбонов
Каримхон Қурбонов — доктори илми тиб (1997), профессор (1999). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (2003). Академики Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010). Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004).[1][2]
Каримхон Муродович Қурбонов | |
Таърихи таваллуд | 2 апрел 1958 |
Таърихи даргузашт | 11 август 2020 (62 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | олим |
Зиндагинома
вироишКаримхон Қурбонов Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм кардааст (1982), ихтисос — «тиб». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: ҷарроҳии узвҳои системаи гепатогастробиллиорӣ ва рӯдаи ғафс. Дотсент (1997—1999), профессори кафедраи ҷарроҳии умумии № 1 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1999—2000), декани факултаи тибби умумии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2001—2003). Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (2003—2005), мудири кафедраи бемориҳои ҷарроҳии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (2005—2020). Муовини директори беморхонаи «Истиқлол».
Даргузашт
вироишАкадемик Каримхон Қурбонов, 11 августи соли 2020 дар беморхонаи «Истиқлол» и дар синни 62-солагӣ даргузашт. [3]
Ҷоизаҳо
вироиш- Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004).
Эзоҳ
вироиш- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.
- ↑ Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, прогноз погоды на 4 апреля 2014 года (Азия Плюс) http://news.tj/ru/news/salom-aleikum-tadzhikistan-anonsy-sobytii-prognoz-pogody-na-4-aprelya-2014-goda Бойгонӣ шудааст 8 августи 2014 сол.
- ↑ Даргузашти академик, собиқ ректори Донишгоҳи тиббӣ ва муовини директори "Истиқлол"(тоҷ.). Sputnik-tj. 11 августи 2020 санҷида шуд.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |