Карим Факӯр
Карим Факӯр (форсӣ: کریم فکور; 24 феврал 1926, Машҳад, Устони Хуросон — 26 август 1996) — ҳуқуқдон[1], шоир, таронасаро ва рӯзноманигори эронӣ[2].
Таърихи таваллуд: | 24 феврал 1926 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 26 август 1996 (70 сол) |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | рӯзноманигор, шоири таронасаро |
Зиндагинома
вироишКарими Факӯр дар Машҳад дар соли 1304 дар хонаводаи адабпарвар ба дунё омадааст. Фориғуттаҳсили Донишгоҳи Теҳрон дар риштаи ҳуқуқ бо дараҷаи лисонс буд.
Вай беш аз 700 тарона суруд, ки теъдод зиёде аз онҳо тавассути хонандаҳои маъруфи он даврон дар родиюи Эрон иҷро шуданд. Ҳамчунин тарҷумаи ашъори бархе филмҳои музикол аз ҷумла «Ашкҳо ва лабхандҳо» тавассути вай сурат гирифтааст. Ҳамчунин вай дар кори оҳангсозӣ ва нависандагӣ даст дошт, ки дар ин замина ҳам осоре аз вай ба ҷой мондааст. Ҳамчунин шеъри «Илоҳаи ноз» ва шеъри «Ғавғои ситорагон», ки ба «Авҷи осмон» низ машҳур аст аз сурудаҳои ӯст.
Таронаҳо
вироиш- Илоҳаи ноз
Боз
Эй илоҳаи ноз
Бо дил ман бисоз
К-ин ғами ҷонгудоз
Биравад зи барам
Гар
Дили ман наёсуд
Аз гуноҳи ту буд
Биё то зи сар
Гунаҳат гузарам
Боз
Мекунам дасти ёрӣ ба сӯят дароз
Биё то ғами худро бо розу ниёз
Зи хотир бибарам
Гар
Накунад тири хашмат диламро ҳадаф
Бахудо ҳамчун мурғи пуршӯру шаъаф
Ба сӯят бипарам
Онки ӯ ба ғамат дил бандад чун ман кист
Нози ту беш аз ин баҳри чист
Ту илоҳаи нозӣ, дар базмам бинишин
Ман туро вафодорам, биё, ки ҷуз ин
Набошад ҳунарам
Ин ҳама бевафоӣ надорад самар
Бахудо агар аз ман нагирӣ хабар
Наёбӣ асарам
Эзоҳ
вироиш- ↑ بیوگرافی کریم فکور حقوقدان، شاعر و روزنامهنگار ایرانی(форсӣ). saednews.com (28 октябри 2021). 9 Декабри 2022 санҷида шуд.
- ↑ آشنایی با کریم فکور. www.beytoote.com. 9 Декабри 2022 санҷида шуд.