Карина Капур (ҳиндӣ: करीना कपूर, урду: کرینا کاپور) — ҳунарпешаи синамои Ҳинд ва яке аз овозадортарин ҳунармандони Болливуд дар айни замон мебошад.

Карина Капур
англ. Kareena Kapoor
Kareena Kapoor in 2018.jpg
Санаи таваллуд:

21 сентябр 1980(1980-09-21)[1] (40 сол)

Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ:
Касб:

ҳунарпешаи синамо

Карера:

2000 — то ҳол

Мукофотҳо:
IMDb:

ID 0004626

kareenaonline.com
Commons-logo.svg Карина Капур дар Викианбор

ЗиндагиномаВироиш

Карина Капур 21 сентябри соли 1980 дар шаҳри Мумбай дар хонаводаи Капур, яке аз номдортарин хонаводаҳои Ҳиндустон ба дунё омадааст. Вай абераи ҳунарпешаи шинохта Притҳвираҷ Капур, набераи ҳунарпеша ва продюсер Раҷ Капур ва духтари Рандҳир Капуру ҳунарпеша Баббита аст. Хоҳари Карина Каришма Капур низ аз ҳунарпешагони синамо аст.

Ҳунарнамоӣ дар синамоВироиш

Карина нахустин нақшашро дар филми «Фирорӣ»(соли 2000) иҷро кардааст. Ҳунарнамоӣ дар ин филм ӯро барандаи чанд ҷоизаи синамои Ҳиндустон кард ки аз ҷумла ҷоизаи Болливуд, ҷоизаи Film Fare Sensation Debut ва ҷоизаи Sansui аст. Филми «Фирорӣ» барои дигар ситораи навини синамои Ҳинд — Абҳишек Баччан низ нахустин филм буд.

Дувумин филми Карина барояш чандон шӯҳратовар набуд, вале дар ин ҷо низ Карина Капур таваҷҷӯҳи ро ба худ ҷалб намуд. Офаридани нақши Пуҷа дар филми «Дар шодиву ғам» ӯро маҳбуби ҳамагон гардонид (коргардон Яш Чопра, дар нақшҳои асосӣ дар баробари Карина Капур, Ранӣ Мукҳерҷӣ ва Ритик Рошан). Баъд аз ин филм ӯ ситораи ҳақиқии синамои Ҳинд гардид.

Карина мехост, ки аз нақшофарии аввалинаш cap карда, ӯро ҳамчун ҳунарпешаи асил бишиносанд ва ӯ ба ин ноил ҳам гардид.

ФилмшиносӣВироиш

  1. Ривояти ишқ, 2050
  2. Ҷаноби Меҳта ва хонуми Сингҳ
  3. Дӯстӣ (2005)
  4. Бевафо (2004)
  5. Эътироз (2004)
  6. Фидо (2004)
  7. Дев (2004)
  8. Хушӣ (2003)
  9. Талош (2003)
  10. Дар шодиву ғaм (2001)
  11. Аҷнабӣ(2001)
  12. Фирорӣ (2000)

Ин ҷоро ҳам бингаредВироиш

ПайвандҳоВироиш

Карина Капур дар базаи маълумоти Интернет

ЭзоҳВироиш