Каркӯй (форсӣ: کرکوی) Каркӯя, Каркӯ, Мину Каркӯй, Курук – шаҳри таърихӣ дар Сиистон. Яке аз дарвозаҳои панҷгонаи Заранг бо номи дарвозаи Каркӯй машҳур буд, ки роҳҳои иртиботии ҳар ду шаҳрро бо ҳам пайваст мекард. Ба қавли Ёқути Ҳамавӣ, мардуми Каркӯй аҳли хавориҷ буданд ва дар он ҷо оташкадае вуҷуд дошт, ки зардуштиён нисбат ба он эътиқоди бисёр доранд. Оташкадаи Каркӯй дар осори таърихӣ бо номи «Маъбади Гаршосб» ёд мешавад. Ҷуғрофиёнигор Закариё ибни Муҳаммади Қазвинӣ оташкадаи Каркӯй­ро хеле хуб тасвир кардааст: оташкада дар зери ду гунба­ди бузург (шабеҳ ба ду шохи гов) қарор дошт. Ходимони от­ашкада бо навбат аз атрофи бино чӯби газ ҷамъоварӣ карда, оташро ҳамеша фурӯзон нигоҳ медоштанд. Мувофиқи маъ­лумоти «Таърихи Сиистон», Каркӯй дар асл маъбадҷои Гаршосб буд ва оташгоҳро Кайхусрав ва Рустам пас аз пирӯзӣ бар Афросиёб бунёд карданд. Тибқи ин ривоят, Кайхусрав аз баракати неру ва рӯшноии эзадӣ, ки Гаршосб дар Каркӯй гузошта буд, ҷодуи торикӣ ва ёрони Афросиёбро дарҳам шикаста, ба оташгоҳ асос гузошт. «Шеъри оташкадаи Каркӯй» аз қадимтарин намунаи ашъори шашҳиҷоии охири давраи Сосониён ва давраи аввали густариши ислом аст, ки дар асоси ҳамосаи куҳан суруда шудааст:

Фаррухат бодо рӯш,

Ханида Гаршосб ҳуш.

Ҳаме бираст аз ҷӯш,

Нӯш кун май, нӯш.

Дӯст бадо кӯш:

Б­офарин ниҳода гӯш,

Ҳамеша некӣ кӯш,

Дӣ гузашту дӯш.

Шоҳо, худойгоно,

Б­офарин шоҳӣ.

Оташкадаи Каркӯй пас аз тохтутози арабҳо ба Хуросон чанд муддат побарҷой буд. Харобаҳои оташкада ҳоло 20 км шимолу ғарбтари Заранҷ, дар соҳили чапи шохоби Ҳир­манд, дар наздикии минтақаи Миён­кангӣ воқеъ аст. Дар заминаи ҳафри ёдгории Каркӯй қабатҳои фарҳангии аҳди Аш­кониён ва Сосониён кашф шуданд. Аз бинои асосии оташ­кадаи Каркӯй танҳо як бахши девори хиштии он боқӣ мон­дааст. Дар атрофи ёдгорӣ сафолпораҳои бисёр ёфт гарди­данд, ки баъзе онҳо мунаққаш ва баъзе маъмулиянд.

Адабиёт

вироиш

Таърихи Сиистон. Д., 2014; . رضا مهرآفرین، زهیر واثق عباسی کرکوی، آتش پیروز بهرام در سکستان// مطالعات باستان شناسی پارسه، شمارۀ ١، ۶٩٣١ ش

Манбаъ

вироиш

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.