Карнай — сози мусиқии нафасиест, ки асосан, аз фулузи биринҷ ва баъзан аз мис сохта мешавад. Карнай аз қисмҳои зерин иборат аст: даҳана, торсак, нил, миёнаҷо, каба, қубба ва ҷияки ороишӣ. Дарозии карнай 190-210 см, қутри лӯлаи он 3,3 см ва вазнаш тақрибан 1 кг мебошад. Дар даҳсолаҳои охир истифодаи карнай дар ҷашнҳои арӯсӣ ва хатнасур маъракаҳои дигари хурсандии тоҷикон маъмул шудааст.[1]

Карнай, (Karnaj,Qurghonteppa)

Нигаред низ

вироиш
  1. Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 40 - 42.