Карнайсозӣ (порсӣ: کرنیسازی ) – навъе аз ҳунари анъанавии мардуми тоҷик буд, ба касби мисгарӣ тааллуқ дорад. Карнай сози мусиқии нафасиест, ки асосан, аз фулузи биринҷ ва баъзан аз мис сохта мешавад. Карнай аз қисмҳои зерин иборат аст: даҳана, торсак, нил, миёнаҷо, каба, қубба ва ҷияки ороишӣ. Дарозии карнай 190-210 см, қутри лӯлаи он 3,3 см ва вазнаш тақрибан 1 кг мебошад. Аз ҷумла, даҳана бо торсак 85-90 см, миёнаҷо – 55 см ва каба – 57-63 см дарозӣ доранд. Тарзи сохтани карнай чунин аст: тахта ё варақаи биринҷиро гирифта, бо қолиб ба он қисматҳои карнайро хат мекашанд ва бо миқрози оҳанбӯрӣ мебуранд. Нахуст даҳанаи карнай сохта мешавад. Варақаи андозашудаи даҳанаро, ки «чапони даҳана» номида мешавад, бо миқроз дандона бароварда, дар гирди оҳани лӯлашакл мепечонанд. Дандонаҳоро бо болғаи чӯбин зада маҳкам мекунанд ва даҳана шакли лӯларо мегирад. Ҷойҳои пайвандшударо бо истифода аз нуқра, каме қалъагӣ ва рӯҳ кафшер мекунанд. Бо болға мавзеъи барҷаста ва дағали ҷойи пайвандҳоро ҳамвор карда, бо сӯҳон соида номаълум месозанд. Сипас бо тезобаву туршоба (кислотаи сулфат ё кислотаи хлорид) даҳанаи карнай тоза карда мешавад. Қисми дигари даҳана – торсакро бо қолиб бурида, дар оташи баланд мулоим карда, дар қолиби махсус кӯфта, ба шакли косача медароранд ва миёнаи онро сӯрох мекунанд, то ки нӯги борики нил ба он пайваст гардад. Нил яке аз қисмҳои муҳими карнай буда, як нӯги он аз дигараш кушодтар аст. Он низ аз фулузи биринҷ сохта мешавад, аммо ғафсии тахтаи он маҳинтар аз дигар қисмҳои карнай мебошад. Нилро лӯлавор печонида, ба даруни даҳана мегузоранд ва нӯги борики онро ба сӯрохии торсак ва нӯги васеътари онро ба поёни даҳана аз дарун бо қалъагӣ кафшер мекунанд. Миёнаҷои карнайро низ бо ҳамин усул тайёр шуда, аз пеш бо даҳана ва аз поён бо кабаи карнай пайванд мешавад. Дар қисмати аввали миёнаҷо (баъди 10-11 см) қуббачаи хурдеро барои ороиш аз беруни лӯла устувор менамоянд. Қисми поёнии карнай – каба низ ба ҳамин тарз сохта мешавад. Тахтаи биринҷиро бо қолиб бурида, дандона сохта мепайванданд ва пас аз кафшер кардан, бо болға кӯфта, фулузи онро сахту чандир месозанд. Ҳар қадар девораи каба бисёр кӯфта шавад, ҳамон қадар садо дилкашу ҷарангосӣ берун меояд. Дар мобайни каба аз берун қубба ҷой мегирад. Пас аз кафшери интиҳоӣ ҳамаи қисмҳои карнай бо гили регаш маҳин соида мешавад, то ки аз доғҳо покиза шавад. Ҷияки ороишӣ алоҳида сохта шуда, онроба нӯги васеъи каба аз берун устувор мекунанд. Дар охир карнайро бо чархи мӯйин тоза менамоянд ва он ҷилодор мегардад.

Намудҳои Карнай
Ҳунари карнайсозӣ - Истаравшан 2011

Ҳунари карнайсозӣ дар гузашта дар шаҳрҳои калони тоҷикнишини Осиёи Марказӣ роиҷ буд, аммо дар охири садаи ХХ ва ибтидои ХХI он тақрибан аз байн рафтааст. Ҳоло дар шаҳри Истравашан усто Мирзои карнайсоз бо писарон ва шогирдони худ ба карнайсозӣ ва таъмири карнаю корҳои дигари мисгарӣ машғул мебошанд. Дар гузашта аҷдоди усто Мирзо – падараш усто Мансур, бобояш – усто Мирсабур, бобокалонаш – усто Миршафӣ ҳама ба карнайсозӣ шуғл доштаанд. Усто Мирзо, бо тавсияи санъатшинос Н. Ҳакимов, аз рӯйи тасвирҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ 8 намуди карнайи аҳди сомониёнро сохта, ба осорхонаҳо, дастаҳои мусиқӣ ва оркестри ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ пешкаш намудааст. Аз ҷумла, усто Мирзо навъҳои каҷкарнай, буқ, карнайи шикаста, говдум, нафир, шоҳнафир, силсиласадо ва шайпурро аз нав эҳё кардааст. Дар даҳсолаҳои охир истифодаи карнай дар ҷашнҳои арӯсӣ ва хатнасур маъракаҳои дигари хурсандии тоҷикон маъмул шудааст.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 40 - 42.