Картошкапиёз
Картошкапиёз (лот. Allium ascalonicum) — як навъ пиёз, ки нисбат ба пиёзи муқаррарӣ (A. cepa) сербех (аз 3 то 40-то) аст.
Картошкапиёз | ||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Allium.
|
||||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||||
Allium ascalonicum L., 1756 | ||||||||||||||||
Мутародифот | ||||||||||||||||
|
Таввсифоти гиёҳшинохтӣ
вироишБехаш бунафш, сурх, зард ё сафед буда, барги нарму борик дорад; чандон тунд нест. Картошкапиёзро бештар чун рустании дусола мепарваранд. Соли якуми кишт дар ҳар бехи он 4‒5 бехпиёзи майдаи баҳамчаспида мерӯяд (соли дуввум аз онҳо тухмӣ гирифтан мумкин). Дар натиҷаи афзоиши нашвӣ (яъне аз бехпиёз) картошкапиёз хуб нашвунамо карда, ҳар бехи он 20‒30 дона бехпиёз мебандад (вазни ҳар кадомаш 35‒50, баъзан 80‒90 г). Бехи картошкапиёз лӯнда, байзашакл, шалғаммонанд ва ғ. мешавад. Картошкапиёзро бино бар неш назаданаш муддати дароз (аз тирамоҳ то баҳор) нигоҳ доштан мумкин аст; дар шароити водии Ҳисор то апрел 98 % ва дар шароити ноҳияҳои Файзободу Рашт то июн 96%-и картошкапиёз нигоҳ дошта мешавад. Соли дуввум ё севвуми кишт пояаш аз 60‒90 см то 1 м қад мекашад. Ҳар бехи картошкапиёз вобаста ба навъ то 25 поя ҳосил мекунад. Гули картошкапиёз осмониранг буда, нисбат ба бехпиёзи муқаррарӣ дертар мешукуфад. Мевааш серӯя, тухмаш майда (210‒320 донааш 1 г), сиёҳтоби сеқира; пардаи ғафс дошта, қобилияти сабзишашро то 3‒4 сол гум намекунад.
Парвариш
вироишКартошкапиёзро бештар сокинони Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Файзобод ва Ҳисор дар ҳаётаашон парвариш мекунанд. Онро дар сартосари ҷумҳурӣ кишт кардан мумкин аст. Бартарии картошкапиёз дар он аст, ки моҳҳои июл ‒ август (яъне дар даврае, ки аз пиёзи муқараррӣ барг гирифтан хеле душвор аст) ба миқдори зиёд барги тару тоза медиҳад. Картошкапиёз рустании сармобардор аст. Тухмаш дар ҳарорати 2‒3 °С неш мезанад. Дар ҳарорати 15‒25 °С хуб нашвунамо карда, ба хунукии то 7 °С ва гармии 30 °С тоб меоварад. Дар шароити Тоҷикистон картошкапиёзро аз тухмӣ ва бехмевааш парвариш мекунанд. Кишти он дар водиҳои Вахш ва Ҳисор моҳҳои феврал ‒ март, дар мавзеъҳои кӯҳсор моҳҳои апрел ‒ май мувофиқ аст. Дар ҳар га 1,8‒2 т бехпиёз (дар умқи 6‒8 см) шинондан лозим аст. Ба ҳар га 15‒20 кг тухми картошкапиёзро (дар умқи 1,5‒2 см) мекоранд. Баргашро баъди 20‒25 см дароз шудан канда, тару тоза истеъмол мекунанд. Бехи картошкапиёз бо бехи пиёз тақр. дар як вақт (моҳи июл) мерасад. Баъди хушк шудани барг картошкапиёзро аз замин кашида, 6‒8 шаборӯз дар ҷояш мехушконанд ва баъд ҷамъоварӣ мекунанд. Аз ҳар га андаряк 450‒500 сентнер ҳосил гирифтан мумкин аст. Картошкапиёз хӯрокро хуштаъм намуда, кори узвҳои гуворишро ба низом медарорад, ҳазми ғизоро беҳтар мекунад. Дар таркиби картошкапиёз 6‒12 % қанд, 3‒4,5 % сафеда, 0,4‒5 % равған, витаминҳои А, В1, В2, С, РР мавҷуданд; хусусан витамини С (дар баргаш 16‒33 %, дар бехмевааш 2‒10 %) бисёр аст. Ғайр аз ин намакҳои калий, калсий, фосфор, оҳан ва ғ. низ дорад. Картошкапиёзро ба сифати доруи пешоброн ва барои пешгирии зангила (синга) низ истифода мебаранд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Картошкапиёз / Ҳ. Файзиев // Исҳоқ — Кашиш. — Д. : СИЭМТ, 2020. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 9). — ISBN 978-99975-68-17-5.
- Балашев Н. Н., Земан Г. О. Овощеводство. Тошкент, 1981;
- Матвеев В. П., Рубцов М. И. Овощеводство. М., 1985.