Каюмарс (форсӣ: کیومرث‎) — шоҳи асотирии халкҳои эронӣ аз сулолаи Пешдодиён ва яке аз қаҳрамонҳои ШохномаФирдавсӣ. Каюмарс аз ду калимаи авестои gaya (гайа) — «зиндаги, ҳаёт>> ва martya (мартйа) — <<фонӣ>>, <<миранда>> таркиб ёфта, маънои <<зиндагии даргузар>>, <<ҳаёти фонӣ» — ро дорад. Баъзе муҳаққиқон Каюмарсро «Говмард» (аз ав. gaya — гов ва martya — мард) ҳам маънидод мекунанд. Ҳар ду тафсир бар ривоятҳо асос ёфтаанд. Инчунин чун номҳои — Ҷаюмарс, Гаршоҳ («подшоҳи кӯҳ»), Гилшоҳ («подшоҳи аз гил пайдошуда») вомехуранд, ки ҳамун Каюмарс аст.

Каюмарс
Сурат
Фарзанд Сиёмак
 Парвандаҳо дар Викианбор

Мувофиқи ривоятҳои авестоӣ Аҳуромаздо Каюмарсро ҳамчун аввалин инсон дар рӯйи замин офарид, вале ӯро Аҳриман миранда гардонидааст. Дар натиҷаи ҳафриёти археологӣ муҷассамаи гове бо сари одамӣ ёфт шудааст, ки аз мавҷудияти тасаввуроти говмард дар давраҳои қадим башорат медиҳад. Ривояту қисса ва достонҳо дар бораи Каюмарс дар давраҳои қадим дар байни мардуми эронӣ паҳн шуда буданд, ки аввал ба «Авесто», сипас ба осори адабиёти паҳлавӣ, таърихҳои исломӣ ва ниҳоят, ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ гузаштанд. Дар «Авесто» («Ясно» ва «Яштҳо») Каюмарс ҳамчун аввалин инсони офаридаи Аҳуромаздо, чун шахси поку накӯкор тасвир шудааст. Дар тарҷумаҳои паҳлавии «Авесто» (Занди Авесто) ва дигар осори паҳлавӣ (махсусан «Бундаҳишн», «Динкард») ривоятҳо дар бораи Каюмарс ба асотири мазҳабии эронӣ дар бораи пайдоиши инсон сахт алоқаманд аст. Мувофиқи маълумоти китобҳои 8-ум ва 9-уми «Динкард» Каюмарс аввалин инсони офаридаи Аҳуромаздо ва аз фармонравоёни ӯ будааст. Қувваҳои бадӣ бо сардории Аҳриман ба муқобили Каюмарс бархоста, ӯро куштанд. Аз тухмаи Каюмарс баъдтар ду рустание мисли ревоҷ сабзида, сипас шакли инсонӣ гирифта, ба номҳои Машйо ва Машйонак маъруф шудаанд. Ин ривоят ба асотири Одаму Ҳаво монандӣ дорад. Мувофиқи ҳамин ривоят Аҳуромаздо дар баробари Каюмарс говеро низ офарида будааст, ки қурбони фитнаҳои Аҳриман гардидааст. Аз тухмаи он гов обу гиёҳ, маъданҳо ва дигар лавозимоти барои инсон зарурӣ пайдо шудаанд. Дар таърихҳои исломӣ (асарҳои Табарӣ, Балъамӣ, Масъудӣ, Саолибӣ ва ғайра) айнан ҳамин ривояти паҳлавӣ нақл шудааст. Номи Каюмарс бошад, дар шаклҳои Ҷаюмарс, Гаршоҳ («подшоҳи кӯҳ»), Гилшоҳ («подшоҳи аз гил пайдошуда») ва зодагони ӯ — Машйову Машйонак дар шаклҳои Море ва Мориёна (Табарӣ), Маҳло ва Маҳлёна (Берунӣ), Маҳло ва Маҳлиёна (Масъудӣ), Мешӣ ва Мешиёна ва ғ. вомехӯранд. Ин гуна ривоятҳо дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ низ мавҷуданд. Дар «Шоҳнома» Каюмарс аз шоҳони сулолаи Пешдодиён буда, сӣ сол подшоҳӣ кардааст ва вориси тахти ӯ писараш Сиёмак мебошад. Каюмарс дар «Шоҳнома» ҳамчун «қаҳрамони маданӣ» ва омӯзандаи унсурҳои зиндагии маданию маишӣ ба мардум тасвир шудааст. Образи Каюмарс дар афсонаҳои халқии тоҷикӣ низ вомехӯрад.[1]

Каюмарс Хоҷамзода:

10 декабри соли 2001 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Яке аз чеҳраҳои шинохтаи илму технологияҳои навин мебошад. Номбурда донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда пасон ба фаъолияти кории худ оғоз бахшидааст. khojamzodakayumars@gmail.com

Адабиёт

вироиш
  • Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷ.1. — Душанбе, 1963;
  • Брагинский И. С. Из истории персидско-таджикской поэзии. — М., 1956;
  • Дьяконов М. М. Очерк истории древнего Ирана. — М., 1961;
  • Кузьмина Е. Е. В стране Афрасиаба и Кавата. — М., 1977;
  • Ҳамдам Мӯъминҷонов. Тӯрон — гаҳвораи тамаддуни ориёӣ. — Душанбе, 2004;
  • С. Одина. Санои афсона. — Душанбе, 2006.

Пайнавиштҳо

вироиш
  1. Донишномаи Ҳисор -Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 296—297