Квартет (лот. guattuor - чор) — ансамблест иборат аз 4 иҷрокунанда бо партияҳои мустақил барои ҳар яки аз онҳо. Ҳамчунин асарҳои барои чунин ансамбл таълифшударо низ Квартет меноманд. Квартетҳои вокалӣ (занона, мардона, омехта) ҳамчунин жанр ва номераҳои алоҳида дар операҳо, ораторияҳо, кантатаҳо вуҷуд доранд. К.-ҳои созӣ – жанри камеравӣ; яке аз навъҳои муҳими мусиқии камеравӣ – Квартети торист (2 скрипка, алт, виолончел); ба Квартети фортепианӣ (фортепиано ва 3 сози торӣ), нисбат ба Квартети торӣ кам аҳамият дода мешавад. Квартетҳо барои ҳайати созӣ қабул шудааст, ҳамон асарҳоеро ном баранд, ки дар шакли силсилаи соната эҷод шудаанд; пиесаҳое, ки дар шаклҳои дигар навишта шудаанд, ба худ дигар ном доранд. Квартетҳои тории Й. Ҳайдн, В. Мотсарт, Л. Бетҳовен, Ф. Шуберт, И. Брамс, Б. Барток, П. Чайковский, А. Бородин, С. Танеев, Д. Шостакович васеъ маъмуланд. Композиторони тоҷик – Д. Дустмуҳаммедов, Ю. Мамедов, А. Мусоев, Б. Пиговат, Ш. Пӯлодӣ, Я. Сабзанов, Т. Сатторов, А. Солиев ва дигарон барои Квартети торӣ низ асар эҷод намудаанд.[1]

Нигаред

вироиш
  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.174. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)