Кенгуру
Кенгуру (Macropodinae), ҷонварест халтадори ширхур. Дарозии танаш аз 30 см то 1,6 м; думаш то 110 см; вазнаш 2 – 70 кг. Пойҳои қафо ва думаш хуб инкишоф ёфтаанд; бо пойҳои қафо ҷаста–ҷаста роҳ мегардад ( то 10 м меҷаҳад). Думи кенгуру дар вақти ҳаракат мувозинати баданро нигоҳ дошта, ҳангоми ором истодан вазифаи такягоҳро иҷро мекунад. 40 намуди кенгуру мавҷуд аст. Кенгуру ҷонвари алафхӯр буда, дар ҳамвориҳои сералафу пахтазори Австралия, ҷазираҳои Гвинеяи Нав, Тасмания ва Бисмарк зиндагонӣ мекунад; баъзе ҳашарот ва ҳар гунна кирмҳоро низ мехӯрад. Кенгуриҳои дарахтгард ва шохгард ҳам мавҷуданд. Кенгуру одатан шабона мегардад ва ниҳоят эҳтиёткор аст. Давраи ҳамлааш 30 – 40 шабонарӯз. Соле 1 – 2 бача мезояд. Дарозии баданаш қариб 3 см аст. Баҷахояшро то 6 – 8 моҳагӣ дар бағалхалтааш бардошта мегардад. Кенгуриҳои калон қариб қир шудаанд. Кенгуруҳо ба чарогоҳҳо ва баъзе намудҳояшон ба зироати хоҷагии халқ зарар меоранд. Гӯшт ва пашмашро истифода мебаранд. Дар боғҳои ҳайвонот низ афзоиш меёбад. 9 намудаш ба «Китоби сурх»- и Иттифоқи байналхалқии муҳофизати табиат дохил шудааст.