Кирми ғӯза
Кирми ғӯза (лот. Helicoverpa armigera) — кирми шапалаки пахта.
Кирми ғӯза | ||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Helicoverpa.
|
||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||
Helicoverpa armigera (Hübner, 1805) | ||||||||
Мутародифот | ||||||||
|
||||||||
|
Асосан ба пахта зарари калон мерасонад. Кирми гуза зараррасони нахуд, ҷуворимакка, помидор, каду, занчабил, боимчон, юнучка низ мебошад. Пахнҳои боли кушодаи шапалакаш 30-40 мм;,боли пешаш зарди бур ва боли кафояш сафед. Кирмаш (дарозиаш 40=45 мм) сафеди зардча, дорчини, баъзан сурхи нулоби, зочааш (дарозиаш 14=22 мм) сабзтоби дорчини, тухмаш нимкурра (диаметраш 0,5-0,6 мм). Давраи инкишофи тухм 2,5-4, кирмак 15-20 ва гумбак (зоча) 9-14 рӯз давом мекунад. Зимистонро дар ҳолати гумбаки дар хок (дар чукурии то 8-15 см) гузаронида мохи май ба шапалак табдил меёбад. Шапалакаш аз шахди гули рустани гизо гирифта дар барг, муғча, гул ва кӯрак тухм (дар мавсим то 3000-то) мегузорад, ки аз он баъди 2-7 шабонарӯз кирм мебарояд. Дар шароити чанубии Тоҷикистон солее 4-5 маротиба насл медихад. Як Кирми гуза ба ҳисоби миёна ба 12 гунча, гул ё гуза зарар мерасонад. Кисми зиёди гулу гузаи иллатнок мерезад. Кирми гуза-ро беш аз 20 намуди хашароти дарранда (ганданафасакхо, набисхо, тиллочашмак, ғамбусакхо ва ғайра) нобуд мекунад. == Тадбирҳои мубориза ==
Маҳви алафҳои бегона; яхобмонӣ; чеканкаи пахта; истифодаи ҳашаракушҳо; муборизаи биологӣ (зиёд кардани трихограмма) ва ғайра.
Эзоҳ
вироиш