Кимиёи саодат
«Кимиёи саодат» (форсӣ: کیمیای سعادت) — китобест, ки аз имом Муҳаммади Ғаззолӣ дар бораи усули дини Ислом, ки дар охирин солҳои қарни панҷуми ҳиҷрӣ ба забони форсӣ навишта шудааст. Ин китоб аз машҳуртарин кутуби ирфониву динӣ ба шумор меравад, ки аз лиҳози фасоҳати калом, салосати иншо ва холӣ будан аз такаллуфу тасаннуъ камтар назир дорад.
Мавзӯъи аслӣ | ахлоқи исломӣ[d] |
---|---|
Нашр(ҳо) ё тарҷума(ҳо) | The Alchemy of Happiness[d] ва The Alchemy of Happiness[d] |
Нависанда | Абуҳомид Ғазолӣ |
Кишвари созанда | |
Забони навиштаҷот ё осор/асар | форсӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Мундариҷа
вироишАсари Муҳаммад Ғазолӣ «Кимиёи саодат» дар сарзамини Эрону Афғонистон ва Осиёи Марказӣ ҳам Қошғар паҳн гашта, тарҷумаи мухтасари «Эҳёу-л-улуми-д-дин» мебошад ва масъалаҳои мухталифи динӣ, ахлоқӣ ва этикиро дар бар гирифтааст. Хонанда дар асари мазкур бо ақидаҳои фалсафии муаллиф: дар бораи ҷону Худо, тарбияи кӯдак, мусиқӣ ва таъсири он ба рӯҳияи инсон ва ғайраҳо вомехӯрад. Асар аз ду рукни асосӣ иборат аст ва он дастнависи мукаммал мебошад, аммо тармим карда шудааст. Унвони котиб қайд нашудааст.
Яке аз боби муҳими китоби мазкур, ин "Одоби даъвату иҷобат мебошад".
Донистаниҳо
вироишКитоби Муҳаммад Ғазолӣ. «Кимиёи саодат». (Дастхат)дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст.[1]
Эзоҳ
вироиш
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |