Абӯюсуфи Киндӣ

(Тағйири масир аз Киндӣ)

Абӯюсуф Яъқуб ибни Исҳоқи Киндӣ (форсӣ: ابویوسف یعقوب بن اسحاق کندی‎), маъруф ба ал-Киндӣ (ар. الكندي‎; тақрибан 801 — 873) — файласуф, риёзидон, мусиқидон, ахтаршиноси мусулмони араб.

Абӯюсуфи Киндӣ
ар. الكندي
Таърихи таваллуд тақрибан 801[1][2][3]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт тақрибан 873[4][5][3]
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ риёзиёт, фалсафа, илоҳиётшиносии исломӣ[d], мантиқ, фалсафаи ахлоқ, физик, кимиё, равоншиносӣ, дорӯшиносӣ, фалсафаи исломӣ[8], ахтаршиносӣ[8] ва пизишкӣ[8]
Ҷойҳои кор
Шогирдон Абумаъшари Балхӣ[9], Абузайди Балхӣ[10] ва Аҳмад ибни Таййиби Сарахсӣ[11][12]
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Тибқи маъхазҳои гуногун, дар Куфа ё Басра ба дунё омадааст[13][14], кӯдакии худро дар ҳамон ҷо гузаронида, дар Байтулҳикмаи Бағдод кор кардааст. Киндӣ муаллифи рисолаҳои зиёди метафизик, мантиқ, ахлоқ, риёзиёт, рамзнигорӣ, нуҷум, тиб, ҳавошиносӣ, нуршиносӣ ва мусиқист. Дар Аврупои Ғарбӣ он бо номи лотинишудаи Алкиндус маъруф аст[15][16].

Киндӣ дар шаҳрҳои Мака, Куфа ва Бағдод зиндагӣ ва эҷод карда, дар боргоҳи халифаҳои Аббосӣ-Маъмун (813—833), Мутаваккил (847—861) хидмат намудааст.

Фалсафа

вироиш

Дар улуми фалсафа ва ғайра зиёда 238 асар навиштааст.

Нуршиносӣ

вироиш

Киндӣ назарияи Уқлидусро дар бораи биниш танқид карда, ин рӯйдодро чунин шарҳ додааст: «Ҳар як нуқтаи ҷисми мунир худ манбаи тобиш мегардад ва шӯоъҳои рӯшноӣ аз он ба ҳама тараф ростхатта паҳн мешаванд». Ин ҳодиса имрӯз дар илми физик (қисми нуршиносӣ) бо номи принсипи Гюгенс маълум аст.

Пизишкӣ

вироиш

Ибни Надим дар «Феҳрист»-и худ 22 номгӯй аз осори тиббии ӯро ёд мекунад[17].

Мусиқӣ

вироиш

Дар таърих ва назарияи мусиқӣ ҳам рисолаи муҳиме таълиф кардааст. Асари Киндӣ «Рисола фи ал-мусиқӣ» аз таълифоти муҳими назарии мусиқӣ буда, дар заминаи манобеъ ва осори мусиқии мардумони эронӣ нигошта, масоили умдаи созу овозро ба риштаи таҳқиқ овардааст. Киндӣ бештар дар бораи сохттори оҳангӣ, назару диди пешиниён дар бораи мусиқӣ, ниҳодҳои эҷоди оҳанг, таносуби шеъру мусиқӣ ва ғайра ибрози назар намудааст[18].

  1. Bibliothèque nationale de France Bibliothèque nationale de France: Yaʿqūb ibn Isḥāq Abū Yūsuf al- Kindī (0801?-0867?) (фр.) — 2011.
  2. AA.VV. Encyclopaedia of Islam, Encyclopédie de l’Islam (фр.) — 1986. — Vol. 5. — P. 122.
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
  4. Badawi A. R. Histoire de la philosophie en Islam (фр.) // Études de Philosophie MédiévaleParis: Librairie philosophique J. Vrin, 1972. — Vol. 60. — P. 386. — 886 с. — ISSN 0249-7921
  5. Corbin H. Histoire de la philosophie islamique (фр.) — 1964. — P. 218.
  6. https://www.google.fr/books/edition/History_of_Islamic_Philosophy/3xJjNG5CNdwC?hl=fr — С. 199.
  7. Corbin H. Histoire de la philosophie islamique (фр.) — 1964. — P. 217.
  8. 8.0 8.1 8.2 Чешская национальная авторитетная база данных
  9. Corbin H. Histoire de la philosophie islamique (фр.) — 1964. — P. 221.
  10. https://plato.stanford.edu/entries/al-kindi/#Leg
  11. Badawi A. R. Histoire de la philosophie en Islam (фр.) // Études de Philosophie MédiévaleParis: Librairie philosophique J. Vrin, 1972. — Vol. 60. — P. 394. — 886 с. — ISSN 0249-7921
  12. AA.VV. Encyclopaedia of Islam, Encyclopédie de l’Islam (фр.) — 1986. — Vol. 5. — P. 123.
  13. «Кинди» Бойгонӣ шудааст 10 июни 2015  сол. — статья в Новой философской энциклопедии.
  14. Об аль-Кинди Бойгонӣ шудааст 20 Декабри 2017  сол. в сборнике «Избранные произведения мыслителей стран Ближнего и Среднего Востока IX—XIV веков»
  15. Routledge Encyclopedia of Philosophy Edward Craig // М.:Routledge, 1998. — С. 238. — ISBN 978-0-415-07310-3
  16. Dr. Mohammed Mrayati, Dr. Yahya Meer Alam, Dr. M. Hassan at-Tayyan al-Kindi’s Treatise on Cryptanalysis // М.: KFCRIS & KACST, 2003. — С. 77. ISBN 9960-890-08-2, ISBN 978-9960-890-08-1.
  17. Ҳоҷихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии-л-кутуби ва-л-фунун», ҷ. 6, Лубнон, 2007.
  18. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — с. 96 ISBN 978-99947-49-13-3