Фалсафаи исломӣ
Фалсафаи исломӣ — илми фалсафиест, ки дар асоси каломи ислом дар афкори идеологии асрҳои миёнаи халқҳои Шарқи Наздику Миёна ташаккул ёфтааст.
Рушди фалсафа дар асри исломӣ
вироишИбтидо
вироишҲангоми вафоти Расули акрам (с) тамоми ҷазиратулараб зери парчами ислом буд ва андаке пас аз вафоти он Ҳазрат (с) футуҳоти исломӣ дар хориҷ аз ҷазиратул-араб оғоз шуд ва дар муддати андаке дин дар ҳамаи Ховармиёна ва шимоли Африқо густариш ёфт ва аз Сунад то Андалус фатҳ гардид ва бад-ин гуна ислом мероси азиме аз Ирон, Юнон, Рум, Миср, Ҳинд ва ғайра ба мусалмонон интиқол ёфт. Бо густариши қаламрави ҳукумати исломӣ ва гароиши қавмҳои гуногун ба ин оини ҳаётбахш бисёри аз марокизи илмии ҷаҳон дар қаламравӣ ислом қарор гирифт ва табодули маълумот байни донишмандон ва табодули китобҳо байни китобхонаҳо ва тарҷамаи онҳо аз забонҳои мухталиф, чун: Ҳиндӣ, Форсӣ, Юнонӣ, Лотинӣ, Сирёнӣ, Ибарӣ ва ғайра ба забони арабӣ, ки амалан забони байнул-милалии мусалмонҳо шуда буд, оҳанги рушди «фалсафа» ва улуму фунунро суръат бахшид ва аз ҷумла китобҳои зиёде аз файласуфони Юнон ва Искандария ва дигар марокизи илмӣ ба арабӣ кам-кам баргардонда шуд. То ҳудуди як қарн, яъне то авохири ҳукумати Бани Умайя ҳаракати ҷиддӣ ба сурати ҷараёнӣ барои тарҷамаи мутуни илмӣ ва фалсафӣ аз забонҳои дигар ба арабӣ сурат нагирифтаст.
Аз тарафи дигар ихтилоти мусалмонони араб бо мардумони сарзаминҳои дигар ва лузуми тасбити завоҳири алфоз ва аҳкоми қуръонӣ бештар ҳиммати онҳоро ба самти улуми қуръонӣ ва муқаддимоти он аз қабили: сарф, наҳв, балоғат ва ғайра машғул карда буд. Танҳо афроди маъдуде ба ангезаҳои шахсӣ ба тарҷамаи баъзе аз мутун мепардохтанд. Мушаххасаи тарҷама дар замони Бани Умайя ин аст, ки аввалан: Амре қоим ба фард буда ва ангезаҳои фардӣ боиси анҷоми он мешудааст; ва табъан бо марги он афрод ин кор низ поён меёфтааст. Сониян: Мунҳасир ба тиб ва нуҷум ва кимиё будааст. Тақрибан муқорин бо уфули ҳукумати Бани Умайя ва рeи кор омадани Бани Аббос ҳаракати ҷиддӣ ва фарогир барои тарҷамаи мутуни «илмӣ» ва «фалсафӣ» ба арабӣ оғоз шуд, ки истилоҳан «Наҳзати тарҷама» (ҳаракати баргадонии мутун) номидаанд.[1]
«Наҳзати тарҷама» (ҳаракати баргардонии мутун)
вироишРавшан аст, ки дар таҳлилу табйини падидаҳои иҷтимоӣ наметавон муддаъии далоили як падида шуд, вале бо диққат дар масъалаи «Наҳзати тарҷама» метавон иллатҳои пайдоиши ин наҳзат ва ангезаи хулафоро дар эҳтимом варзидан ба он мавориди зеринро баршуморид:
1. Пас аз фатҳи сарзаминҳои паҳноваре чун Ирон корҳои «девонӣ» (ба иллати адами ошноии араб бо ин умур) ба дасти уламои масеҳӣ, яҳудӣ, зартуштӣ ва ғайра аз миёни Ирониён, Румиён, Мисриён ва миллатҳои дигар супорида шуд. Онҳо девонҳоро ба забони худ танзим карда буданд, вале дар авохири ҳукумати хулафои Бани Умайя ҳассосият нисбат ба тарҷамаи онҳо ба арабӣ шурeъ шуд ва иллати он илова бар таассуби арабӣ ин буд, ки хулафо мехостанд назорати бештар бар кори онҳо дошта бошанд ва ин оғози расмии тарҷамаи мутун ба арабӣ буд.
2. Роҳ ёфтани пизишкони ғайри араб, хусусан Иронӣ ба дарбори хулафо буд, ба вижа хулафои Бани Аббосӣ, ки муқтазои тарҷамаи кутуб ба забони арабӣ буданд.
3. Бо завол ёфтани ҳукумати хулафои Бани Умайя ва бар тахт нишастани хулафои Бани Аббосӣ , эътиқод ба нуҷум ва аҳкоми он ва таъсири нуҷум дар ҳаводиси заминӣ қувват гирифт; ва ин амр низ ангезае барои суръат гирифтани тарҷамаи кутуби нуҷум ба арабӣ шуд.
4. Интиқоли маркази хилофат аз Димишқ ба Бағдод, ки маҳалли бархурди фарҳангҳои мухталиф буд, лизо дар нашъат гирифтани ин ҳаракат таъсири бесазое дошт.
5. Густариши забони арабӣ ба унвони забони расмии ҳукумати исломӣ ба манотиқе, ки дорои забонҳои дигар буданд, омили муассире буд, то донишмандону нависандагон кутуби илмии худро ба забони расмии ҳукумат тарҷама кунанд.
6. Ошноии бештари мусалмонон бо китобҳои тиббӣ ва нуҷумӣ онҳоро ба улуми фалсафӣ наздиктар кард, зеро дар он рeзгор улум ба сурати имрeза аз якдигар ҷудо набуд ва ҳама таҳти унвони омми фалсафа меғунҷид ва чӣ басо табибону мунаҷҷимон бисёре аз масоили фалсафӣ ва мантиқиро низ медонистанд ва ба тарҷамаи кутуби мантиқӣ, фалсафӣ, риёзӣ ва ғайра, ба арабӣ мепардохтанд.
7. Баъд аз инҳитоти мусалмонон бо ақвому фарҳангҳои дигар хоҳу нохоҳ мубоҳисоту мунозирот миёни онҳо дармегирифт ва гоҳе пеш меомад, ки уламои ғайри мусалмон бо истифода аз истилоҳоти мантиқӣ ва фалсафӣ, ки аз Юнони бостон ба ирс бурда буданд, мусалмононро мағлуб мекарданд. Ба ин ҷиҳат буд, ки мусалмонон барои истифода аз силоҳи душман дар муқобили бо душман ба фарогирии истилоҳоти мантиқӣ ва фалсафӣ рeй оварданд ва хулафо низ бо фароҳам кардани имкони тарҷамаи кутуби мазбур ононро дар ин росто тақвият мекарданд.
8. Алоқаи шахсӣ доштани бархе аз хулафо ба мабоҳиси илмӣ ва ақлӣ, ба хусус Маъмун, дар шиддат гирифтани ин ҳаракат бе таъсир набудааст.
9. Бо густариш ва вусъати доманаи ҳукумати исломӣ ва фаровонии молиётҳо ва амволи «байтул-мол», ниёз ба илми ҳисобу риёзиёт бештар шуд, ба ҳамин ҷиҳат мусалмонон илми ҳисобро аз ҳиндуён гирифта тарҷама карданд; ҳамон тавре, ки илми ҳандаса ва меъмориро аз Юнон касб карданд.
10. Ҳамаи далоили мазкур каму беш дар кутуби торихи фалсафаи исломӣ омадааст. Аммо ҳақиқате, ки мутаассифона тақрибан ҳамаи нависандагони торихи фалсафа ба он напардохтаанд - гар чӣ бузургоне чун Алломаи Аскарӣ ва Алломаи Ҷаъфари Муртазо дар торихҳои таҳлилӣ ба он ишора кардаанд - ин аст, ки: Хулафои Аббосӣ хилофатро ба ҷанг оварда буданд, аз ибтидо саъй доштанд имомату вилоятро аз байн бардоранд, то хаёли худро аз ҷониби танҳо рақибони қудратманди хеш осуда кунанд. Ба фарози онҳо тарҷамаи кутуби фалсафӣ ва илмӣ ва ривоҷи он дар миёни мусалмонон ва тақвияти фалосафа метавонист қудрати илмӣ ва ғалабаи инкорнопазири он ҳазарот бар уламоро таҳти шуо қарор диҳад ва зеҳни уммати исломиро аз таваҷҷуҳ ба он бузургворон мунсариф кунад, вале ҳошо ки на танҳо аз ин роҳ ба мақсуди шуми худ нарасиданд, балки бо ташкили ҷаласоти мубоҳиса ва мунозира байни онҳо ва уламои дигар ва ғалабаи ҳамешагии ин анвори таййиба бар шуҳрати онон дар миёни уламо ва уммат афзуданд.[1]
Такаккул
вироишДар оғоз набудани забони муштарак ва истилоҳоти мавриди иттифоқ дар байни мутарҷимон ва ҳамчунин ихтилоф дар бунёдҳои «фалсафа»-и шарқ ва ғарб кори омeзиш ва пажуҳиши фалсафаро душвортар месохт, вале тeле накашид, ки навобиғе ба монанди Абу Насри Форобӣ ва Абу Алӣ ибни Сино бо талоши пайгири худ маҷмуаи афкори фалсафии он асрро омeхтанд ва бо истеъдодҳои нобиғаи худ, ки дар партави анвори ваҳй ва баёноти пешвоёни динӣ шукуфо шуда буд, ба баррасӣ ва гузиниши онҳо пардохтанд ва як низоми фалсафии такмилшударо арза доштанд, ки илова бар афкори Афлотун ва Арасту ва навафлотуниёни Искандария ва урафои Машриқзамин мутазаммини андешаҳои ҷадиде буд ва бартарии фаровоне бар ҳар яке аз низомҳои фалсафии шарқ ва ғарб дошт, гeё ин ки бештарин саҳм моли Арасту буд ва аз ин рe фалсафаи эшон ранги Арастуӣ (яъне машшоӣ) дошт.
Бори дигар ин низоми фалсафӣ зери заррабини нуққоди ҳакимоне чун Ғаззолӣ ва Фахруддини Розӣ қарор гирифт ва аз сeи дигар Шаҳобуддини Суҳравардӣ бо баҳрагирӣ аз осори ҳукамои Ирони бостон ва татбиқи онҳо бо афкори Афлотун ва Равоқиён ва Навафлотуниён, мактаби ҷадидеро ба номи «Мактаби ишроқӣ» пайрезӣ кард, ки бештар ранги Афлотунӣ дошт. Ва бад-ин тартиб заминаи ҷадиде барои пешомадани андешаҳои фалсафӣ ва сабаби рушди бештари онҳо падид омад. Қарнҳо сипарӣ шуд ва файласуфони бузурге ба мисли: Хоҷа Насируддини Тусӣ, Сайид Садруддини Даштакӣ, Шайх Баҳоӣ, Мирдомод ва амсоли инҳо, бо андешаҳои тобноки худ бар ғанӣ шудани «фалсафаи исломӣ» афзуданд, то навбат ба Садруддини Шеърозӣ расид, ки бо нубуғу ибтикори худ низоми фалсафии ҷадидеро ироа дод, ки дар он аносири ҳамоҳангӣ аз фалсафаҳои «Машшоӣ» ва «Ишроқӣ» ва мукошифоти «ирфонӣ» бо ҳам таркиб шуда буданд ва афкори жарфи пурқимате низ бар онҳо афзуда шуда буд; ва онро «Ҳикмати мутаолия» номид.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 Торихи фалсафаи исломӣ. Қисми аввал./Рушди фалсафа дар асри исломӣ. - Хуҷанд, 2018. - С.47-53 [1] Бойгонӣ шудааст 22 июни 2019 сол.
Адабиёт
вироиш- Корбен, Анри. История исламской философии. М.: Прогресс-Традиция, 2010. — 360 с. — ISBN 978-5-89826-301-0
- Фурқатҷон Иброҳимов. ФАЛСАФАИ АСРИМИЁНАГИИ ТОҶИК ДАР ТАҲҚИҚОТИ АНРИ КОРБЕН Бойгонӣ шудааст 25 сентябри 2021 сол.. ДИССЕРТАТСИЯ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисоси 6D020100-фалсафа. Душанбе – 2020