Кинопублитсистика
Кинопублитсистика – шакли хоси таблиғ, ки қаблан ҳамчун киномаҷалла пеш аз оғози филмҳои бадеӣ нишон дода мешуд. Баъдтар телевизион барои пахши кинопублитсистика василаи муҳим гардид. Кинопублитсистика тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ – сиёсат, идеология ва давлатро, ки дар саҳифаҳои матбуот, радио, телевизион ва сомонаҳои интернетӣ мунъакис мешаванд, дарбар мегирад. Кинопублитсистика ҳақиқат дар бораи шахс ва ё воқеаи маъмули иҷтимоӣ аст.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С. 132. ISBN 978-999-47-43-37-7
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |