Кирми ҷигармак, фастсиолаи муқаррарӣ (лот. Fasciola hepatica) — кирми паразит аз синфи трематодаҳо.

Кирми ҷигармак
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Fasciola hepatica
(Linnaeus, 1758)

Танаш баргмонанд, дарозиаш 2 — 5 см, дар интиҳои қисми пеш узвҳои маккандаи даҳонӣ ва шикамӣ дорад. Дар ҷигар, роҳҳои дромади заҳра ва заҳрадони ҳайвонҳои ширмаки алафхӯр ва одам сокин мешавад. Тухмҳои К. ҷ. дар об инкишоф меёбанд ва дар организми аксари обборонакҳо, инчунин диг. нармбандҳо ба кирмина табдил меёбанд. Кирмина (серкарий) аз нармбадан баромада, ба рустаниҳои обӣ ва соҳилӣ гузашта, ба адолескария мубаддал мешавад. Кирмина бо рустанӣ ба организми дигар дохил шуда, дар ҷигар афзоиш мекунад ва бемории фастсиолёзро ба вуҷуд меорад.

Бо мақсади маҳв кардани К. ҷ. шибарзаминҳоро хушконда, чарогоҳҳоро иваз кардан лозим.