Китоби рекордҳои Гиннесс
«Гиннесс. Рекордҳои дунё» (англ. Guinness World Records), инчунин «Китоби умумиҷаҳонии рекордҳо», «Китоби рекордҳои Гиннесс» (англ. The Guinness Book of Records, то соли 1998) ва «Китоби рекордҳои дунявии Гиннесс» (англ. The Guinness Book of World Records, дар ИМА) — маълумотномаи ҳамасолаест, ки дастовардҳои рекордии одамон, ҳайвонот, воқеъаҳои беҳамтои табиӣ, дастовардҳои нодири намоишкорӣ (шоу-бизнес), васоити ахбори омма ва фарҳангиро таҷассум мекунад.[1]
Қисматҳои асосии китоб
вироишКитоби рекордҳои Гиннесс аз қисматҳои асосии зерин иборат аст:
- Сарват
- Дастовардҳо
- Дониш
- Санъат ва васоити ахбори омма
- Хатарнок ва садамаҳо
- Шуҷоат
- Шараф
- Технологияҳои муосир
- Варзиш
- Инсон
Тоҷикистон дар «Китоби рекордҳои Гиннесс»
вироиш- Моҳи сентябри соли 2011 Тоҷикистон ҳам дар китоби рекордҳои Гиннесс саҳми худро гузошт. Ба шарафи 20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, Парчами Тоҷикистон бо 165 метр баланди, 60 метр дарози, 30 метр паҳнои ва 700 кг вазн дар китоби рекордҳои Гиннесс ҷойгир карда шуд.[2]