Китобхонаи давлатии Бавария

Китобхонаи давлатии Бавария ( олмонӣ: Bayerische Staatsbibliothek, мухтасаран BSB, ки то соли 1919 Bibliotheca Regia Monacensis номида мешуд) дар Мюнхен, ки китобхонаи давлатии Иёлати Озоди Бавария мегӯянд, соли 1558 таъсис ёфтааст. Аз бузургтарин китобхонаи ҳамагонӣ ва тадқиқотӣ дар Олмон ва яке аз муҳимтарин китобхонаҳои Аврупо мебошад. Бо маҷмӯи маводи он, ки айни замон тақрибан 10.89 миллион китобро дар бар мегирад (аз соли 2019), китобхона яке аз беҳтарин китобхонаҳои тадқиқотӣ дар саросари ҷаҳон маҳсуб мешавад. Гузашта аз ин, захираи таърихии он яке аз муҳимтарин маҷмӯи дастхатҳои ҷаҳон, бузургтарин маҷмӯи инкубабула дар саросари ҷаҳон ва инчунин маҷмӯи сершумори маводи дигари муҳимро дар бар мегирад. Ҷамъи маводи чопии таърихии ин муассиса то соли 1850 тақрибан як миллион ададро ташкил медиҳад.[1]

Китобхонаи давлатии Бавария
Bayerische Staatsbibliothek
Акси Китобхонаи давлатии Бавария дар Людвигстрассе, Мюнхен
Акси Китобхонаи давлатии Бавария дар Людвигстрассе, Мюнхен
Навъ Китобхонаи ҳамагонӣ, Китобхонаи академӣ
Кишвар  Олмон
Нишонӣ Мюнхен, Бавария
Таъсис 1558
Фонд
Таркиби захира 33,921,166
Нусхаи ҳатмӣ 2 нусха аз ҳамаи тирожҳое, ки дар ҳудуди Бавария чоп мешавад
Дигар иттилоот
Раис Клаус Сейнова
Веб-сайт bsb-muenchen.de
Мукофотҳо Китобхонаи сол (2008)


Зинаи зебои Китобхонаи давлатии Бавария
Акс аз болои Китобхонаи давлатии Бавария

Аз соли 1663 дар Бавария қонуни нусхаи ҳатмӣ вуҷуд дорад, ки мувофиқи он ду нусхаи ҳар як асари чопии дар Бавария интишоршаванда бояд ба китобхона супорида шавад. Ин қонун имрӯз ҳам амал мекунад. Ғайр аз ин, китобхона дувумин китобхонаи бузурги маҷаллаҳои Аврупост (пас аз Китобхонаи Бритониё ). Китобхона маҷаллаи махсуси Bibliotheksforum Bayern-ро нашр мекунад ва аз соли 2007 инҷониб Bibliotheksmagazin-ро бо ҳамкорӣ бо Китобхонаи давлатии Берлин нашр мекунад. Бинои он дар Ludwigstrasse ҷойгир аст.

Вазифаҳо

вироиш
  • Китобхонаи ҳамагонӣ ва тадқиқотӣ
  • Китобхонаи марказии давлатӣ ва анбори Иёлати озоди Бавария
  • Маҷмӯи асноди қонунии минтақаӣ ва нашрияҳои марбут ба Бавария
  • Қисми китобхонаи миллии виртуалии Олмон дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи миллии Олмон ва Китобхонаи давлатии Берлин маҳсуб мешавад
  • Маркази рақамисозии Мюнхенро пешбарӣ мекунад
  • Масъули маҷмӯаҳои мавзӯъҳои махсуси Бунёди Тадқиқотии Олмон (Deutsche Forschungsgemeinschaft)
  • Ҳамкорӣ дар файли мақоми мақомоти корпоративӣ (Gemeinsame Körperschaftsdatei, GKD) ва Файли мақоми ном (Personennamendatei, PND)

Истифода

вироиш

Дар соли 2019, китобхона 78,600 корбарони фаъол дорад. Аз толорҳои хониши китобхона ҳамарӯза тақрибан 4000 хонанда истифода мекунанд. Толори хониши умумӣ, ҳамарӯза аз соати 8:00 то 12:00 боз аст ва тақрибан 111,000 ҷилд, пеш аз ҳама асарҳои истинодӣ, озодона дастрас мебошанд. Дар толори хониши матбуоти даврӣ тақрибан 18000 шумораи муҳимми матбуоти даврӣ мавҷуданд. Шуъбаҳои Дастхатҳо ва китобҳои чопи қадима, Харитаҳо ва тасвирҳо, Мусиқӣ, ҳамчунин Аврупои Шарқӣ, Шарқ ва Осиёи Шарқӣ дорои толорҳои хониши худ буда, ба хонандагон хидмат мерасонанд. Ҳар рӯз тақрибан 1,500 ҷилд аз анборҳо ҷамъоварӣ ва барои истифода дар толори хониши умумӣ пешниҳод мешавад. Дар соли 2010, як толори нави хониши тадқиқотӣ бо унвони Авентинус боз шуд, ки асосан ба илмҳои таърих ва таърих ва фарҳанги Бавария тамаркуз мекунад.

Инвентаризатсия

вироиш
  • бештар аз 33,921,166 медиахолдинг (аз ҷумла расонаҳои электроник)
  • ҳудуди 10,89 миллион китоб
  • ҳудуди 140,000 дастхатҳо; феҳристи китобдор Иоҳанн Андреас Шмеллер (1785-1852).
  • Лотинӣ ҳудуди 17,000 адад.

Ҳавзаҳои мавриди таваҷҷуҳ

вироиш
  • Таърих, умумӣ
  • Таърихи пеш ва таърихи ибтидоӣ
  • Византия
  • Таҳқиқоти классикӣ, аз ҷумла таърихи қадимаи асрҳои миёна ва филологияи нави лотинӣ
  • Таърихи Олмон, Австрия ва Швейтсария
  • Таърихи Фаронса ва Италия
  • Руминия
  • Забон ва адабиёти руминӣ
  • Забон ва адабиёти олбониёӣ
  • Аврупои шарқӣ, шарқии марказӣ ва ҷанубу шарқӣ (муфассал: Русия, Беларус, Украина, Молдова, Лаҳистон, Чехия, Словакия, Булғористон, Словения, Хорватия, Босния ва Ҳерсеговина, Сербия, Черногория, Македония, Олбрниё, Косово
  • Юнони асри муосир (аз ҷумла забон ва адабиёт)
  • Мусиқишиносӣ
  • Илми иттилоотӣ, китобшиносӣ ва илми китобхона

Ширкат

вироиш

Раёсат

вироиш

Аз 1 апрели соли 2015 Клаус Сейнова мудири кулли Китобхонаи давлатии Бавария мебошад. Дафтари марказӣ, муовинони мудир, дафтари мушовараи ширкатӣ, шуъбаи технологияҳои иттилоотӣ ва шуъбаи робита бо ҷомеа низ қисми раёсати китобхона маҳсуб мешаванд.

Шуъбаҳои асосӣ

вироиш

Маъмурияти марказӣ

вироиш

Маъмурияти марказӣ мудирияти умумии маъмуриро ба уҳда дорад; Гузашта аз ин, он ҳамчун провайдери хидматрасон барои ҳама соҳаҳои китобхона амал мекунад. Раёсат барои соҳаҳои «буҷа», «шуъбаи кадрҳо" ва "хадамоти дохилӣ, сохту соз" масъул аст.

Тавсеъаи маҷмӯа ва феҳрастнависӣ

вироиш

Ин шуъба ҳама намуди васоити ахбори оммаро феҳрастбандӣ ва индексатсия мекунад ва онҳоро ҳам расмӣ ва ҳам мавзӯъӣ дастабандӣ мекунад. Маркази рақамисозии Мюнхен як бахши ҳамин шуъба мебошад. Ин бахш рақамисозӣ ва нашри онлайнии мероси фарҳангиро, ки Китобхонаи давлатии Бавария ва дигар муассисаҳо ҳифз мекунанд, ба уҳда дорад. Бахши мазкур яке аз бузургтарин маҷмӯи электроники рӯзафзун дар Олмонро мудирият мекунад. Шуъба инчунин барои нигоҳдорӣ ва нигоҳубини маҷмӯа масъул аст. Ин бахш васоити ахбори оммаро, ки аз соли 1850 ба ин сӯ нашр мешаванд, аз вайроншавӣ ва пӯсиш муҳофизат мекунад. Ин кор мавҷудияти дарозмуддати онҳоро кафолат медиҳад.

Хидматрасонӣ

вироиш

Шуъбаи хидматрасонӣ ба унвони омили асосии маҷмӯаҳо ва хидамоти китобхона амал мекунад. Ин шуъба аз бахшҳои таъмини ҳуҷҷатҳо, идоракунии ҳуҷҷатҳо, таҳвили ҳуҷҷатҳо ва хадамоти иттилоот ва толори хониш иборат аст.

Дастхатҳо ва китобҳои чопи қадима

вироиш

Шуъбаи дастхатҳо ва китобҳои чопи қадима барои пурарзиштарин маҷмӯаҳои таърихии китобхона масъулият дорад. Шуҳрати ҷаҳонии Китобхонаи давлатии Бавария маҳз бар асоси мероси гаронбаҳои шуъбаи мазкур мебошад. Дар шуъба толори алоҳидаи хониш мавҷуд аст, ки махсус барои кор бо китобҳои куҳна муҷаҳҳаз шудааст.

Шуъбаҳои махсус

вироиш

Маҷмӯи харита ва бойгонии тасвир

вироиш

Ин шуъба харитаҳои чопиро аз соли 1500 то имрӯз, атласҳо, маводи картографӣ ва бойгонии тасвирии китобхонаро ҳифз мекунад. Бойгонии тасвирҳо, инчунин бахши бойгонии Ҳенрих Ҳоффман, Бернҳард Йоҳаннес ва Фелиситас Тимпро дар бар мегирад. Маҷмӯи Харитаҳо ва Бойгонии тасвирҳо - дар якҷоягӣ бо шуъбаи мусиқӣ - толори хониши худро доранд.

Шуъбаи мусиқӣ

вироиш

Шуъбаи мусиқӣ ба далели камият ва кайфияти маҷмӯаҳои таърихӣ ва мушаххасоти густардаи он дар байни китобхонаҳои мусиқии бартари ҷаҳон қарор мегирад. Оғози он ба асри 16 рост меояд. Самти ҷамъоварии "мусиқашиносӣ" -и Бунёди Тадқиқоти Олмон аз ҷониби ин шуъба назорат карда мешавад. Чунон, ки дар болои қайд шуд, ин шуъба бо шуъбаи Маҷмӯаи харита ва бойгонии тасвир толори хониши мушатарак дорад.

Шуъбаи Шарқ ва Осиёи Шарқӣ

вироиш

Маҷмӯаҳои шарқии Bayerische Staatsbibliothek аз 260,000 ҷилд мавод бо забонҳои арабӣ, арманӣ, гурҷӣ, ибрӣ, идиш, муғулӣ, порсӣ, тибетӣ ва ҳиндӣ иборатанд. Маҷмӯаҳои Осиёи Шарқӣ зиёда аз 310,000 ҷилд маводро бо забонҳои чинӣ, ҷопонӣ, куриёӣ, тай ва ветнамӣ ташкил медиҳанд. Истифодабарандагон метавонанд аз маҷмӯаҳои дастрас дар толори хониши шарқӣ, ки он бо шуъбаи Аврупои Шарқӣ муштарак мебошад, истифода баранд.

Шуъбаи Аврупои Шарқӣ (Osteuropaabteilung)

вироиш

Шуъбаи Аврупои Шарқӣ бузургтарин шуъбаи махсуси Китобхонаи давлатии Бавария мебошад, ки ҳудуди як миллион китоб дар бора ва аз Аврупои Шарқӣ, аз даврони аввалияи мудерн то асри 21, пешкаш мекунад. Илова ба минтақаи Аврупои Шарқӣ, он инчунин ба шарқи марказӣ ва ҷанубу шарқии Аврупо ва инчунин ба қисмати осиёии Русия муроҷиат мекунад. Коллексияи дастраси шуъба дар толори хониши шарқии китобхона ҷойгир шудааст.

Шуъбаҳо барои иҷрои вазифаҳои умдатан сатҳи минтақавӣ

вироиш

Шуъбаҳое, ки асосан ба сатҳи минтақавӣ тақсим карда мешаванд, Мактаби китобхонаи Бавария ва илми иттилоот, Маркази машваратӣ барои китобхонаҳои ҷамъиятӣ ва инчунин дафтари марказии шабакаи китобхонаҳои Бавария бар уҳда доранд.

Китобхонаҳои минтақавии Бавария, ки аз ҷониби давлат маблағгузорӣ мешаванд

вироиш

Китобхонаҳои минтақавии Бавария, ки аз ҷониби давлат маблағгузорӣ мешаванд, қисми системаи китобхонаҳои академии Баварияро ташкил медиҳанд. Онҳо дар сохтори созмонӣ тобеъи Китобхонаи давлатии Бавария мебошанд.

Таърих

вироиш

Китобхона соли 1558 тавассути ҳерсоги Виттелсбах Албрехти VI таъсис ёфтааст ва дар ибтидо дар утоқи баландошёнаи Алтер Ҳоф (суди кӯҳна)-и қароргоҳи Мюнхен ҷойгир буд. Китобхонаи дарборӣ дар асоси харидани китобхонаи хусусии Иёҳан Албрехт Видманнштеттер (1506—1557). Китобхонаи Видманнштеттер аз сесад дастхатҳо ва нуҳсад интишороти чопии табиатшиносӣ, илоҳиёт, филологияи клоссик, тиб ва шарқшиносӣ иборат буд. Дар соли 1571 фонди китобхона аз ҳисоби харидани маҷмӯи китобҳои бонкдор ва тоҷири аугсбургӣ Иоҳан Яъқуб Фуггер (1459—1525), ки ҳамзамон китобҳои китобхонаи табиби нюрнбергӣ Ҳартман Шеделя (1440—1514) низ дарбар дошт, васеъ шуд. Фуггер маъмури агентҳои ҷамъоварии ҷилдҳои дастхатҳо ва корҳои чопӣ буд ва супориш дода буд, ки аз Италия, Испания ва Нидерландия маҷмӯа ҷамъ кунанд. Дар охир асарҳои ба ин тариқ ҷамъшуда зиёда аз 10,000 ҷилдро ташкил доданд. Ҳамзамон, ӯ дастхатҳоро дар Венетсия нусхабардорӣ карда буд.

Ғайр аз ин, дар соли 1552 Фуггер маҷмӯи дастхатҳо ва инкунабулаи табиб ва инсонгаро Ҳартманн Шеделро харида буд, ки яке аз бойтарин китобхонаҳои хусусии шимоли Алп маҳсуб мешуд. Маҷмӯи Фуггер бори аввал аз ҷониби табиб Самуэл Кичелберг аз Антверпен мудирият ва созмон ёфтааст. Вай системаи рафи китобхонаи додгоҳи Аугсбургро қабул карда буд. Баъдтар маҷмӯаро китобдор Волфганг Проммер идора мекард, ки маҷӯаро ҳам аз рӯи алифбо ва ҳам аз рӯи калимаҳои калидӣ феҳрист карда буд. Эгидиус Оертел аз Нюрнберг аввалин китобдор дар соли 1561 шуд. Истифодабарандагони асосии китобхона иезуитҳо буданд, ки соли 1559 ба Мюнхен даъват шуда буданд.

Вилям V маҷмӯаро идома дода, хариди минбаъдаро анҷом дод:

  • Чопҳои испанӣ аз ҳуҷҷатҳои шахсии ритсари тирол Анселм Стоккел (1583)
  • Маҷмӯаи мушовири Аугсбург Йоханн Ҳенрих Ҳерварт фон Ҳошенберг иборат аз чопҳои сершумори мусиқӣ (1585)
  • Китобхонаи инсонгарои маҷмӯасози Аугсбург ва Эйхстетт Йоҳанн Георг фон Верденштейн (1592)

Соли 1600 маҷмӯи мавод аз 17000 ҷилд иборат буд.

Секуляризатсияи Бавария ва интиқоли китобхонаи судии Интихобкунандагони Пфалатин дар давоми соли 1803 ба фонди китобхона тақрибан 550,000 ҷилд ва 18,600 дастхат илова карда шуд.

Дар соли 1827 тавассути Фридрих фон Гартнер ба нақша гирифтани бинои намояндагии додгоҳ ва китобхонаи давлатӣ супориш шуд. Нақшаи ибтидоии сохтмони бино дар Людвигстрассе 1 буд. Дар соли 1828 қитъаи муқобили Глиптотек дар Кенигсплатз ҳамчун макони бино барои сохтмон интихоб карда шуд, аммо дертар худи ҳамон сол банақшагирон дубора ба Людвигстрассе баргаштанд. Ин нақшаҳо дар соли 1831 ба анҷом расиданд. Аз сабаби набудани маблағ гузоштани санги асос шурӯи кори сохтмон ба 8-уми июли соли 1832 мавқуф гузошта шуд. Корҳои сохтмонӣ дар биное, ки Гартнер ба нақша гирифтааст, соли 1843 ба итмом расид.

Дар соли 1919 китобхона номеро гирифт, ки ҳоло ҳам дорад: Китобхона давлатии Бавария (Bayerische Staatsbibliothek).

Дар давоми Ҷанги ҷаҳонии дувум зиёда аз 500,000 ҷилд гум шуд, гарчанде маҷмӯаҳо қисман аз бино тахлия карда шуданд. Баъзе китобҳо, масалан, дар калисои қасри Шлосс Ҳаймҳаузен нигоҳ дошта мешуданд. Аз худи бино бошад 85% хароб шудааст. Бозсозии бинои китобхона ва реинтегратсияи бойгонии тахлияшуда соли 1946 оғоз ёфт. Китобҳо ду маротиба нобуд карда шуданд, бори аввал 400.000 ашё, аз ҷумла 140.000 рисола ва бори дуюм 100.000 ашёи номаълум, аз ин рӯ аз китобҳои тақрибан 380.000 сеяк ё 118.800 гумшуда то имрӯз барқарор карда шуда буданд (2020).[2]

1953-1966 профессорҳо Ҳанс Доллгаст ва Сеп Руф бояд азнавсозии боли шарқӣ, як минтақаи нав дар паси деворҳои таърихӣ ва бинои васеи Китобхонаи давлатии Бавария, сохтмони чаҳорчӯбаи пӯлоди шишагӣ барои китобхонаро ба нақша гиранд ва амалӣ кунанд. Ифтитоҳи қаноти ҷанубии барқароршудаи бино дар соли 1970 ҳамчун кори баанҷомрасидаи бино ишора кард.

Китобхонаи давлатии Бавария инчунин лоиҳаҳои миқёсан бузурги интернетиро оғоз кардааст. Дар соли 1997 Маркази рақамисозии Мюнхен ба кор шурӯъ кард ва китобхона ба тавсеъаи вебдаргоҳҳои худ, аз ҷумла вебгоҳи худ шурӯъ кард. Феҳристи кортҳои 1841-1952 ва феҳристи инкунабула 1450-1500 табдил дода шуданд, бинобар ин захираҳои пурраи маводи чопии Китобхонаи давлатии Бавария дар интернет дастрас шуданд. Хидматрасонии «рақамисозӣ аз рӯйи дархост», ки аз ҷониби шабакаи якчанд китобхонаҳои Аврупо пешниҳод карда мешавад, миллионҳо китобҳои аз соли 1500 то 1900 нашршударо дар шакли рақамӣ дастрас мекунад.

7-уми соли марти 2007 директори генералӣ Ролф Грибел эълом дошт, ки Google Book Search рақамисозии моликияти бидуни ҳуқуқи муаллифии Китобхонаи давлатии Баварияро ба уҳда хоҳад гирифт. Дар соли 2008, дар 450-умин солгарди китобхона, Ассотсиатсияи китобхонаҳои Олмон ба Китобхонаи давлатии Бавария унвони Bibliothek des Jahres (Китобхонаи сол)-ро дод.

Дар соли 2012 як донишманди Итолиёӣ дар миёни нусхаҳои хаттии Йоҳанн Яъқуб Фуггер дар китобхона як кодекси юнонии мутааллиқ ба қарни 11-ум, ки шомили 29 ҳумилии қадим (ancient homilies), ки қаблан аз ҷониби мутахассиси илоҳиёт Ориҷени Искандария[3] чоп нашуда буд, кашф кард.

Ҷуброн

вироиш

Аз соли 2003 то ҳол Китобхонаи давлатии Бавария барои баргардонидани маводи китобхона, ки ғайриқонунӣ аз даст рафта буданд, кӯшиши зиёд ба харҷ додааст. Намунаи охирин баргардонидани ба истилоҳ Plock Pontifical аз Полша дар моҳи апрели соли 2015 сурат гирифтааст.[4] Он дастхат аз ҷониби фашистон дар соли 1940 аз Плок Бишоприк дуздида шуда, ба Донишгоҳи Кенигсберг бурда шудааст. Китобхонаи давлатии Бавария ин дастхатро соли 1973 дар музояда дар Мюнхен ба маблағи 6200 DEM (German Deutsche Marks, ки ҳоло Евру онро ҷойгузин кардааст) харидааст. Дар солҳои ахир, китобхона он қисматҳои маҷмӯаҳои худро, ки мавриди харидҳои ғайриқонунӣ қарор гирифтааст, ҷустуҷӯ карда. Куллан, то имрӯз зиёда аз 60,000 китоб бодиққат тафтиш шудааст. Китобхона тақрибан 500 китобро муайян кардааст, ки онҳо ғайриқонунӣ харидорӣ шудаанд. Баъдан, ба ин бозёфтҳо, якчанд барқарорсозӣ сурат гирифт, аз ҷумла Китобхонаи давлатии Бавария 78 ҷилдро, ки аз китобхонаи тадқиқотии Томас Манн ба Китобхонаи давлатии Бавария рафтаанд, ба бойгонии Томас Манн дар Сюрих соли 2007 баргардондааст.[5] Бозгашти минбаъда дар пеш аст, масалан 252 китоб аз нашриёти собиқи Geca Kon.

Ҳамчунин нигаред

вироиш

Пайвандҳои беруна

вироиш

Адабиёт

вироиш