Клайв Грейнҷер
Сэр Клайв Уилям Джон Гре́йнҷер (англ. Sir Clive William John Granger; 4 сентябри 1934, Суонси — 27 майи 2009, Ла-Ҳойя[5]) — иқтисоддони англис, мутахассиси соҳаи омори иқтисодӣ.
англ. Sir Clive William John Granger | |
Таърихи таваллуд | 4 сентябр 1934[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 27 май 2009[4][1][2][…] (74 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | илми иқтисод ва econometrics[d] |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Harry Pitt[d] |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Донишгоҳи Нотингҳем, бакалаври математика (1955) ва дарёи и. иқтисод (1959), профессори иқтисодиёти Донишгоҳи Сан-Диего (Калифорния, ИМА) (1970), узви Анҷумани Эконометрии Амрико (Econometric Society). Муаллифи беш аз 150 асари илмӣ, аз ҷумла даҳҳо монография. Мавзӯи асосии таҳқиқоти илмии Клайв Грейнҷер омӯзиши масъалаи алоқамандии байни нишондодҳои асосии иқтисодӣ (мас., нарх ва қурби асъор, некуаҳволӣ, истеъмол ва ғ.) мебошад. Бо усули пешниҳодкардаи Клайв Грейнҷер ин нишондодҳо бо ёрии маълумот оид ба сатҳҳои гуногуни нишондодҳои иқтисодӣ дар фосилаҳои тӯлонии замонӣ — давраҳои замонӣ таҳлил карда мешаванд. Усулҳои пешниҳодкардаи Клайв Грейнҷер дар соҳаи таҳлили иқтисодӣ-оморӣ ба иқтисодчиён ва мутахассисони соҳаи омор имконият медиҳанд, ки тамоюлҳои оянда ва дурнамои рушди иқтисодиётро беҳтар пешгӯӣ намуда, дар барномаҳои дарозмуддати иқтисодӣ тағйирот дохил намоянд.
Соли 2009 Клайв Грейнҷер якҷоя бо Роберт Энгл "барои таҳлили давраҳои замонии иқтисодӣ бо истифода аз усули тамоюлҳои умумӣ (коинтегратсия) сазовори ҷоизаи Нобел гардид.
Осор
вироиш- Spectral Analysis of Economic Time Seties (ҳаммуаллиф M. Natanaka). Princeton University Press, 1964;
- Forecasting Economic Time Series (ҳаммуаллиф П. Нюболд). Academic Press, 1977;
- Modelling Nonlinear Dynamic Relationships (ҳаммуаллиф T. Terasvirta). Oxford University Press, 1993.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ Professor Sir Clive Granger
- ↑ Anahad O’Connor Clive Granger, Economist, Dies at 74(англ.) // The New York Times. — 30 мая 2009.
Адабиёт
вироиш- Гренҷер Клайв // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.