Кола шаҳрест дар Федерасияи Русия,ки дар Нимҷазираи Кола ва дар Вилояти Мурманск ҷойгир шудааст. Таърихи таъсисаш соли 1517 (аз рӯи маълумоти дигар — соли 1264 ) ҳисоб мешавад. Шумораи аҳолияш бино бар саршумори соли 2010 10447 нафар аст.

Маҳалли аҳолинишин
Кола
русӣ: Кола
Парчам Нишон[d]
Парчам Нишон[d]
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1517
Масоҳат
  • 10 км²
Баландии марказ 60 м
Минтақаи замонӣ UTC+03:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 81553
Нишонаи почта 184380
gov-kola.ru
 Парвандаҳо дар Викианбор

Шаҳр дар мавзеи ба ҳам омадани ду рӯд Колаву Тулома воқеъ шудааст,дар пеши резишгоҳашон ба Халиҷи Колаи Баҳри Барентс,аз маркази шаҳри Мурманск дувоздаҳ километр дӯр.

Иқлим

вироиш

Шаҳр дар минтақаи арктикию атлантикии иқлими мӯътадил воқеъ аст.Иқлими Кола бо наздиқии Баҳри Барентс ба шакли муайян дароварда мешавад.Рӯдҳо Колаву Тулома бар хилофи Халиҷи Кола дар фасли зимистон ях мебанданд.Халиҷи Кола аз сабаби ҷараёни гарми Голфстрим яхнакунанда аст.

Таърихи шаҳр

вироиш

Садаҳои XVI—XVII

вироиш

Cоли 1565 дар Кола се хонавода ва се оила буданд.Дар солҳои 1573/74 дар китоби барӯйхатгирии аҳолии Кола Василий Агалин 33 хонавода ба рӯйхат даровард.Кола ба туфайли харидуфурӯш бо Ширкати Антверпен тараққӣ мекард.Ба шарофати ин тиҷорат дар тӯлии солҳои 1570-1580 Кола ба бандаргоҳи баҳрии байналхалқӣ табдил меёфт.Онҷо пусту моҳӣ обгазид карда мешуд.Дар охири асри XVI—сар кардани асри XVII Кола шаҳре хеле мустаҳкам карда ва пуштибони ягонаи Русия дар он сӯи қутб буд.Дар миёнаи асри XVII дар девори қалъаи Кола 500 нафар стрелетс (сарбозони қўшуни Давлати Маскав) ва 9 нафар тӯпчӣ хидмати посбоникунандаро мекарданд.Воеводаи (сардори лашкар дар Руси Қадим ва инчунин хокими шаҳр ё вилоят) аввалро Аверкий Иванович Палицын таъйин карда шуд.

Садаи XVIII

вироиш

Моҳи августи соли 1700 Ҷанги Шимолӣ шурӯъ шуда буд, ва шведҳо ба Нимҷазираи Кола ва ба қарияҳо дар назди Баҳри Сафед пӯписа кард гирифтанд.Подшоҳи рус Пётр I дар бораи таъмири пурраи девори қалъаи Кола указро баровард.Вале эскадра дар таҳти роҳбарии адмирал К. Х. Леве шаҳрро забт кардан кӯшиш кард.Дар соли 1706 аз нав барқарор кардани ва мустаҳкам кардании девори қалъаи Кола ба анҷом расонда шуданд.

Моҳи декабри соли 1708 Русия ба 8 губернияҳо тақсим карда шуд;уезди Кола ба таркиби уезди Архангелогородский дохил шуд.

Соли 1723 подшоҳи рус Пётри Бузург Ширкати китгирии Коларо таъсис кард.Барои ин 5000 рубл маблағ ҷудо карда шуд.Баъд аз ду сол Пётр I аз дунё гузашту кори ӯ амалан партофта монда шуд.Дар тӯлии се сол (1726—1729) фақат 5 раъс наҳанг ёфта шуданд.Дар моҳи феврали соли 1731 ширкат барҳам дода шуд.

Дар он замон дар Кола Михайло Ломоносов бо падари худ Василий Дорофеевич Ломоносов саёҳат карданд.

Соли 1727 академияи фанҳои Санкт-Петербург астрономи французиро Людовик Делиль де ла Круайер ба Кола фиристод.

Дар нимаи дуюми асри XVII халқи номатлуби ба ҳукумати Русияи ба Кола бадарға карда мешуд (баъди шӯриши Емелян Пугачёв).
Кола
   
Шаҳрҳо Мурманску Кола(дар ҷои дуюм).Халиҷи Колаву рӯди Тулома(дар ҷои дуюм). Кола соли 1598

     
Кола соли 1914 Рӯди Кола Рӯди Тулома
  1. Численность постоянного населения Российской Федерации по муниципальным образованиям на 1 января 2023 года (с учётом итогов Всероссийской переписи населения 2020 г.) (рус.)Росстат, 2023.