Коллеҷи омӯзгории ДДОТ
Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (Коллеҷи омӯзгории ДДОТ ба номи С. Айнӣ) — муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муассисаи таълмӣ дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷойгир аст.
Номҳои пештара | Омӯзишгоҳи омӯзгории ба номи Н.К. Крупская (1959), Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев (1998) |
---|---|
Соли асосгузорӣ | 1959 |
Азнавташкилшавӣ | ба коллеҷ |
Соли азнавташкилшавӣ | 1998 |
Навъ | омӯзгорӣ |
Макон | Тоҷикистон |
Нишонӣ | 734004, шаҳри Душанбе |
Таърих
вироишКоллеҷи омӯзгории ДДОТ ба номи С. Айнӣ соли 1998 таъсис ёфтааст. Соли 1959 ҳамчун Омӯзишгоҳи омӯзгории ба номи Н.К. Крупская дар сохтори шуъбаи томактабии Омӯзишгоҳи омӯзгории ш. Конибодом таъсис шуда буд, ки дар он 23 нафар омӯзгорон фаъолият доштанд ва теъдоди умумии донишҷӯён 60 нафарро ташкил мекард. Дар бинои омӯзишгоҳ се кабинет ва даҳ синфхона мавҷуд буд. Омӯзгори хизматнишондодаи ҷумҳурӣ Назирова У. нахустин сарвари ин махзани маърифат буд, ки то соли 1964 ифои вазифа намуда, баъдан бо сабаби беморӣ ба нафақа баромадааст. Солҳои 1964–1981 роҳбарии омӯзишгоҳи мазкурро духтари Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум Махсумова Х. Н. ба ихтиёр дошт, ки аз рӯзҳои аввали ташкил гардидани омӯзишгоҳ ба ҳайси омӯзгор кор мекард. Ин муаллимаи маърифатдӯст аввалин зани тоҷик аст, ки бо медали ба номи Н.К.Крупская сарфароз шудааст. Тӯли 17 соли фаъолияти роҳбарии ӯ дар омӯзишгоҳ сифати таълим ва тарбия беҳтар гардида, омӯзгорони собиқадор ва ҷавон ба кори омӯзишу парвариш ҷалб карда шуданд. Ҳакимова М. аз соли 1963 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории пойтахт ба ҳайси омӯзгор фаъолият намуда, солҳои 1981–1996 сарварии онро ба дӯш дошт. Хизматҳои бисёрсолаи ӯро дар соҳаи мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони болаёқат ба инобат гирифта, бо нишони «Барои комёбиҳои хуб дар таҳсилоти махсус», ифтихорномаи Вазорати маориф ва соли 1996 бо унвони «Муаллими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз намудаанд. Солҳои 1996–1998 сарвари омӯзишгоҳ Нуриддинова М. буд. Соли 1998 қобилияти кордонию масъулиятшиносиашро ба инобат гирифта, ӯро аввал муовини раиси ш. Душанбе ва баъдан солҳои 2005–2010 вакили мардумӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Солҳои 1998–2007 сарвари ин муассисаи таълимиро Қосимова М. Н. ба уҳда дошт. Дар тӯли фаъолияти худ ӯ тавонист, ки дар ҳама соҳаҳои ҳаёти коллеҷ дигаргуниҳои назаррас ворид созад. Маҳз дар ҳамин давра сифати таълим ва тарбия дар таълимгоҳ рангу ҷилои нав пайдо кард ва Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 262 аз 1 июни соли 1998 ба Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев табдил дода шуд.
Сохтор
вироишДар коллеҷ ҳафт факултет фаъолият дорад, ки аз рӯи ихтисосҳои забон ва адабиёи тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, таърих ва ҷомеашиносӣ, математика ва информатика, методикаи таҳсилоти ибтидоӣ, методикаи таҳсилоти томактабӣ мутахассис тайёр мекунад. Дар баробари ин дар сохтори коллеҷ кафедраҳо фаъолият доранд, ки ба корҳои таълиму тарбия ва илмӣ машғуланд. Дар коллеҷ кафедраҳои забон ва адабиёти тоҷик, таърих ва ҷомеашиносӣ, филология (русӣ, англисӣ), педагогика ва психология, математика ва информатика амал менамояд.
Дар коллеҷ низоми таълими кабинетӣ амал мекунад, ки мувофиқи нақшаи нави таълимӣ 17 кабинети фаннӣ ҷиҳозонида шудааст. Донишҷӯён ба шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Теъдоди муҳассилини коллеҷ 900 нафарро ташкил дода, 430 нафарашон дар шуъбаи рӯзона ва қисми боқимондаашон дар шуъбаи ғоибона ба омӯхтани нозукиҳои касби омӯзгорӣ машғуланд. Ҳар сол ба ҳисоби миёна 270 нафар донишҷӯ коллеҷро ба поён расонда, бо роҳхати Вазорати маориф ба гӯшаҳои мухталифи кишвар ҳамчун омӯзгор ба кор фиристонида мешаванд.
Ҳайати устодон
вироишДар коллеҷ 55 нафар омӯзгор ифои вазифа менамоянд. Аз ин теъдод 33 нафар ба ҳайси омӯзгори асосӣ ва 22 нафар ба ҳайси ҳамкор фаъолият доранд. Аз ҳисоби шумораи умумӣ як нафар доктори илмҳои педагогӣ, 13 наф. номзади илм, як нафар дорандаи унвони «Муаллими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикитон» ва 22 нафар дорандаи нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» мебошанд. Фаъолияти Шӯрои илмии таълимгоҳ низ самарабахш ба роҳ монда шуда, он аз болои фаъолияти илмии олимони назорат мебарад. Масъалаҳои илмие, ки ба ҳалли онҳо устодони коллеҷ машғуланд, ба ташкили раванди таълиму тарбия дар коллеҷу макотиби таҳсилоти умумӣ ва олӣ, барои баланд бардоштани ҳисси миллӣ, худогоҳию худшиносӣ, ватандӯстии ҷавонон бо истифода аз таърихи фарҳанг ва адабиёт равона карда шудааст.
Асарҳову навиштаҳои олимони коллеҷ, ки бештар вижагиҳои таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, дар шакли китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ барои коллеҷҳои омӯзгорӣ ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ нашр шудаанд. «Таърихи адабиёти хориҷа», «Адабиёти қадим», «Таърихи сиёсӣ», «Фалсафаи одамият» аз ҷумлаи асарҳое мебошанд, ки ба хидмати омӯзгорону донишҷӯён қарор дода шудаанд. Дар ташкил ва гузаронидани тадбирҳои сиёсиву фарҳангӣ ва таълимӣ аз тарафи роҳбарияти коллеҷ таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Коллеҷ дорои китобхона мебошад, ки зиёда аз 20000 нусха китобҳои илмию бадеӣ ва таълимию методӣ дорад. Ҳамчунин дар коллеҷ толори китобхонӣ мавҷуд аст.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ. 6 июли 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 июли 2018.
Пайвандҳо
вироиш
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |