Нусратулло Махсум
Нусратулло Махсум (1 июл 1881, Чашмаи Қозӣ, Ғарм, Бекигарии Қаротегин, Аморати Бухоро — 1 ноябр 1937, Маскав) — сиёсатмадор ва давлатмарди тоҷик, яке аз асосгузорони ҶШС Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон (2006).
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) | |
![]() Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) | |
Таърихи таваллуд: | 1 июл 1881 |
Зодгоҳ: | деҳаи Чашмаи Қозӣ, бекигарии Қаротегин |
Таърихи даргузашт: | 1 ноябр 1937 (56 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Навъи фаъолият: | сиёсатмадор |
Мукофотҳо: |

Зиндагинома
вироишНусратулло Махсум (Лутфуллоев) – соли 1881 дар деҳаи Чашмаи Қозии бекигарии Қаротегин (Аморати Бухоро) дар оилаи камбағал таваллуд ёфтааст. Дар оғози ҷавонӣ ба шаҳрҳои Қуқанд ва Фарғонаи кишвари Туркистон сафар карда, чун ҳаммол кор кардааст. Дар давраи инқилоби якуми Русия, солҳои 1905-07 Нусратулло Махсум дар корпартоиҳо ва намоишҳои коргарони шаҳри Қуқанд ширкат варзидааст. Соли 1920 баъди инқилоби халқӣ - демократии Бухоро ва аз тахт афтодани амири Бухоро ба қатори муборизони роҳи таҳкими Ҳокимияти Шӯроӣ дар Бухорои Шарқӣ дохил мешавад. Соли 1921 то 1923 чун ваколатдори кумитаи озуқаи ҶХС Бухоро дар таъмини аскарони сурх ширкат карда, ҳамчунин дар муборизаи зидди босмачигарӣ дар Ғарм ва Душанбе иштирок кардааст. Сипас ба ҳайси раиси коммисиюни фавқулодаи мутаадиди Бухорои Шарқӣ, раиси КИМ-и Бухорои Шарқ ва раиси кумитаи инқилоби ҶМШС Тоҷикистон кор кардааст.
1 декабри соли 1926 дар анҷумани якуми муассисони Шӯроҳҳои умумитоҷикии коргарон, деҳқонон ва аскарони сурх, Нусратулло Махсум, якдилона ба вазифаи раиси мақоми олии давлатӣ – Комитети Иҷроияи Марказии ҶМШС Тоҷикистон интихоб гардид. Соли 1929 баъди таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон раиси КИМ-и ҶШС Тоҷикистон интихоб гардида, то декабри соли 1933 дар ин вазифа кор кардааст. Сипас ба ихтиёри КМ ВКП (б) фиристода шуда, дар академияи ба нақшагирии Москва таҳсил намудааст. Солҳои 1926-1930 аъзои КМ ҲК (б) Ӯзбекистон, 1930-1933 аъзои бюрои КМ ҲК (б) Тоҷикистон, 1927-1934 аъзои КИМ ИҶШС буд.
Мисли бисер кормандони софдили шӯравӣ ва сиесатмадорон, ӯ ба зери фишори репрессияҳо афтод ва 8 июли соли 1937 боздошт шуд. 31 октябри соли 1937 Нусратулло Махсумро бо иттиҳоми бардурӯғ дар фаъолияти зиддиинқилобӣ ба ҷазои олӣ маҳкум карданд ва рӯзи дигар ба қатл расониданд.[2]
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) 1 ноябри соли 1937 дар шаҳри Маскав ба қатл расонида шуд.
28 декабри 1957 Раёсати ҳарбии Суди Олӣ қарори прокурори генералии ИҶШС-ро дида, ҳукмро дар ҳаққи Нусратулло бекор кард. Бо қарори раёсати КМ ҲК Тоҷикистон аз 26 июни 1964 Нусратулло Махсум аз ҷиҳати ҳизби сафед шуд.[3]
Ҷоизаҳо
вироишӮ бо як қатор мукофотҳои Ҷумҳурии Бухоро, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ордени "Байрақи Сурх", мукофонида шудааст.
Оила
вироишФарзандони Нусратулло Махсум: Хайринисо, Файзиниссо, Мунавваршо, Анваршо, Хосиятмоҳ, Акбаршо, Музаффаршо
Қаҳрамони Тоҷикистон
вироиш27 июни соли 2006 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами № 1773 ба Нусратулло Махсум унвони олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.[4].
Адабиёт дар бораи Нусратулло Махсум
вироиш- Эмомалӣ Раҳмон. Нусратулло Махсум. Ҷонфидои миллат //Чеҳраҳои мондагор. -Душанбе: «ЭР-Граф». 2023. - 424 с. /саҳ. 375-380.
- Нусратулло Махсум. Речи, доклады, статьи и материалы его жизнедеятельности / Р.М. Масов. – Душанбе: Дониш.-2000
- Абдуназар Ҳақназаров. Нусратулло Махсум Государственно-политический деятель. – Душанбе: Дониш.-2011.[5]
Эзоҳ
вироиш- ↑ http://www.ozodi.tj/content/article/2144126.html Пули 3, 200 ва 500 сомонӣ вориди муомила мешавад (Озодӣ) 30.08.2010
- ↑ Путь Нусратулло Махсума: от простого рабочего до первого руководителя Советского Таджикистана(тоҷ.). www.asiaplustj. 19 феврали 2025 санҷида шуд.
- ↑ Нусратулло Махсум(тоҷ.). www.ombudsman.tj/. 19 феврали 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 май 2024.
- ↑ http://www.president.tj/farmon/june06_1774htm.htm(пайванди дастнорас) Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1773 (дастраси 9 июли 2011)
- ↑ Абдуназар Ҳақназаров. Нусратулло Махсум Государственно-политический деятель(тоҷ.). www.kmt.tj/. 19 феврали 2025 санҷида шуд.
Пайвандҳо
вироиш- youtube.com Чехрахои мондагор НУСРАТУЛЛО МАХСУМ نصرت الله مخسوم
- youtube.com Нусратулло Махсум Чеҳраҳои мондагор қ. 1
- youtube.com Нусратулло Махсум Чеҳраҳои мондагор қ. 2
- youtube.com Нусратулло Махсум Чеҳраҳои мондагор қ. 3
- youtube.com Нусратулло Махсум Чеҳраҳои мондагор қ. 4
- Таҷлил аз таъсисёбии Тоҷикистон ба гӯшаи фаромӯшӣ (Озодӣ) 14.10.2009
- Ҳақиқати репрессияи сталинӣ дар Тоҷикистон ошкор мешавад? (Озодӣ) 30.04.2010