Коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров

Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуровмуассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муассисаи таълимӣ дар – шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст.

Коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров
 (КОДДХ ба номи академик Б. Ғафуров)
Номҳои пештара Техникуми техникуми омӯзгории мардонаи шаҳри Хуҷанд, Омӯзишгоҳи педагогии № 1 ва № 2, Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Хуҷанд
Соли асосгузорӣ 1928
Азнавташкилшавӣ ба коллеҷ
Соли азнавташкилшавӣ 1999
Навъ муҳандисию омӯзгорӣ
Макон  Тоҷикистон
Нишонӣ 734000, шаҳри Хуҷанд

Таърих

вироиш

Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров (собиқ омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Хуҷанд) дар асоси қарори мушовараи комиссариати халқии маорифи ҶШС Ӯзбекистон аз 01.02. соли 1928, № 20 ҳамчун техникуми омӯзгории мардона таъсис дода шудааст. Бо фармони комиссариати халқии маорифи ҶШС Тоҷикистон аз 27.01.1939 техникуми педагогии занона, омӯзишгоҳи омӯзгории № 1 ва техникуми педагогии мардона, омӯзишгоҳи педагогии № 2 номида мешавад. Дар ибтидои моҳи марти соли 1941 ҳар ду техникум муттаҳид карда шуда, ба он номи Омӯзишгоҳи педагогии Ленинобод ба номи Н.К.Крупская дода шуд. 16 октябри соли 1958 бо фармони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ муваққатан баста мешавад ва хонандагони он ба омӯзишгоҳҳои омӯзгории шаҳри Конибодом ва Душанбе тақсим карда мешаванд. Дере нагузашта соли 1960 тибқи қарори комиҷроияи вилояти Ленинобод ба шуъбаи маориф супориш дода мешавад, ки дар маркази вилоят омӯзишгоҳи педагогӣ барои тайёр кардани муаллимони забони русӣ ба мактабҳои таҳсилоташ тоҷикӣ бо теъдоди 120 нафар толибилмон қабул карда шаванд ва ин супориш дар муҳлати муқарраршуда ба иҷро мерасад.[1]

Дар асоси нақшаи Госплани Иттиҳоди Шӯравӣ комплекси нави бинои омӯзишгоҳ дар ҷои хушманзараи соҳили рости дарёи Сир қомат рост кард, ки дорои 12 кабинети таълимӣ, толори варзиш, маҷлисгоҳ барои 280 ҷойи нишаст, ошхона, хобгоҳи №1 буд. Соли 1971 моҳи ноябр бинои дуюми хобгоҳ барои 240 ҷой ба истифода дода шуд. Дар ду хобгоҳ дар як вақт 500 хонанда ҷой дода шуда буд. Дар соли хониши 1988 – 1989 дар ду шуъбаи омӯзишгоҳ – шуъбаи томактабӣ 836 нафар донишҷӯён ва шуъбаи мусиқӣ 92 нафар донишҷӯён таҳсил менамуданд. Ба онҳо 97 нафар омӯзгорон таълим медоданд. Дар соли хониши 1991 – 1992 боз ду шуъбаи нав арзи ҳастӣ кард, ки яке шуъбаи мактабӣ ва дигаре шуъбаи тарбияи ҷисмонӣ мебошад. Шуъбаи мактабӣ аз соли 1991 то ин дам зиёда аз 2000 нафар мутахассисонро тайёр намуда, баҳри таълиму тарбия сафарбар намуд, ки ҳоло мутахассисони тайёр кардаи ин шуъба дар макотиби вилоят ва берун аз он бомуваффақият кор мекунанд.

Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Хуҷанд бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 1999 таҳти рақами 262 ба коллеҷи омӯзгорӣ табдил дода шуда буд. Баъд аз табдили он ба коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров доираи фаъолияташ боз васеъ гардид. Соли ҷорӣ ҳайати омӯзгорони Коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров 117 нафарро ташкил медиҳад, ки дар байни онҳо 98 нафар кормандони доимӣ, 19 нафар муштараквазифаанд. Аз ин шумор 1 нафар Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 11 нафар номзадҳои илм, дотсентон, 20 нафар Аълочиёни маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 50 нафар омӯзгорони дараҷаи олӣ маҳсуб мешаванд.[1]

Пайвандҳо

вироиш