Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод

Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод — яке аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Коллеҷ дар ноҳияи Зафаробод ҷойгир аст.

Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод
 (КПЗ)
Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод
Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод
Соли асосгузорӣ Техникуми гидромелиоративии ноҳияи Зафаробод (1968), Техникуми политехникии ноҳияи Зафаробод (2001)
Азнавташкилшавӣ ба коллеҷ
Соли азнавташкилшавӣ 2012
Навъ Техникуми политехникӣ
Макон  Тоҷикистон
Нишонӣ ноҳияи Зафаробод

Таърих

вироиш

Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод таърихи 48 сола дошта ҳангоми зарурати таъмин намудани корхонаҳои сохтмонию истеҳсолӣ ва ободии мирзочӯли тоҷик бо фармони Идораи осиёи миёнагии обёрикунӣ ва сохтмони назди Вазорати обёрикунӣ ва хоҷагии оби ИҶШС таърихи 11.04.1968 бо номи "Техникуми гидромелиоративии ноҳияи Зафаробод" таъсис дода шуд. Дар коллеҷ 240 нафар донишҷӯ таҳсил менамуд. Сипас бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.09.2001 дар заминаи собиқ "Техникуми гидромелиоративӣ", "Техникуми политехникии ноҳияи Зафаробод" таъсис дода шуд.

Дар давоми солҳои тӯлони якчанд мутахассисони соҳибмаълумотро бо касбҳои гуногун тайёр намуд. Моҳи ноябри соли 2012 "Техникуми политехникии ноҳияи Зафаробод" бо номи "Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод" таъсис дода шуд.

Сохтори Коллеҷ

вироиш
Директор, муовинони директор оид ба таълиму тарбия, таҷрибаомӯзӣ - истеҳсолӣ, корҳои хоҷагӣ, шуъбаи таълим, декани факулта, мудирони шуъбаҳои рузона ва ғоибона, шуъбаи кадрҳо, бахши робитаҳои хориҷӣ, китобхона, муҳосибот, хобгоҳ, кафедраҳои методии фаннӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касб, иборат аст.

Таълимгоҳ мутобиқи иҷозатнома мутахассисонро дар шуъбаҳои рӯзона (аз синфи 9 ва 11) ва ғоибона (синфи 11) аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр менамояд:

1. 2- 440101 «Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти худрав ва шаҳрӣ»;

2. 2- 270131 «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот»;

3. 2- 430103 «Таъмини барқ» (аз рӯи соҳаҳо);

4. 2- 400101 «Таъмини барномавии технологияҳои иттилоотӣ» (низоми кредитӣ)

5. 2- 700102 «Сохтмони саноати ва шаҳрвандӣ»

6. 2- 250135 «Ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат»[1]