Коллеҷи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи П. Ҷ. Бӯйдоқов — яке аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Колеҷи фаҳанг дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир аст.

Коллеҷи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи П. Ҷ. Бӯйдоқов
 (КҶФ)
Номҳои пештара Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-маърифатӣ, Омӯзишгоҳи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Соли асосгузорӣ 1956
Азнавташкилшавӣ ба коллеҷ
Соли азнавташкилшавӣ 2001
Навъ Коллеҷи фарҳангӣ
Макон  Тоҷикистон
Нишонӣ ноҳияи Рӯдакӣ

Таърих

вироиш

Собиқ Омӯзишгоҳи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ба номи П. Ҷ. Бӯйдоқов собиқ Омӯзишгоҳи Республикавии маданӣ-маърифатӣ ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 Омӯзишгоҳи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи П. Ҷ. Бӯйдоқов ба Коллеҷи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи П. Ҷ. Бӯйдоқов табдил дода шуд, Дар тӯли солҳои зиёди фаъолияташ бисёр мутахассисони соҳаи фарҳангро тарбия намуд, ки айни ҳол аксарияти онҳо дар рушди соҳаи фарҳанг саҳми босазои худро гузоштаанд.

Ихтисосҳо

вироиш

Дар Коллеҷи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи П. Ҷ. Бӯйдоқов донишҷӯён аз рӯйи номгӯйҳои зерини тахассусҳо дар шуъбаи рӯзона:

1. Китобдорӣ,

2. Рӯзноманигорӣ,

3. Менеҷменти фаъолияти иҷтимоию фарҳангӣ,

4. Мусиқӣ-омӯзгорӣ,

5. Рассомӣ,

6. Устои таъмири садо ва симо,

Ба ғайр аз ин, дар асоси литсензияи шуъбаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ дар назди Коллеҷ литсей фаъолият менамояд, ки дар он хонандагони болаёқат бо равияи гуманитарӣ-ҷамъиятӣ таҳсил мекунанд. Литсейи мазкур ҳамчун замина дар тайёр кардани кадрҳо барои Коллеҷ ба ҳисоб меравад.

Пайвандҳо

вироиш