Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М. Собирова

Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М.Собирова — яке аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Таълимгоҳ дар Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М.Собирова  (КҶХ)
Соли асосгузорӣ 2003
Соли азнавташкилшавӣ 2007
Навъ Коллеҷи хореографӣ
Макон  Тоҷикистон
Нишонӣ шаҳри Душанбе к.Айнӣ 51

ТаърихВироиш

Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М.Собирова» соли 2003 таъсис дода шудааст. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №25 аз 01.05.2007с. таълимгоҳ ба номи балеринаи шинохтаи тоҷик, артисткаи халқии СССР Малика Собирова гузошта шудааст. Дар коллеҷ мутахассисони касбии соҳаи хореография барои ансамблҳои рақсӣ ва Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ тайёр карда мешаванд. Дар коллеҷ се шуъба амал менамояд: 1.Шуъбаи рақси классикӣ 2.Шуъбаи рақси халқӣ 3.Шуъбаи рақси муосир

ИхтисосҳоВироиш

Дар Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М.Собирова донишҷӯён аз рӯйи номгӯйҳои зерини тахассусҳо дар шуъбаи рӯзона таълим мегиранд:

1. Артисти балет

2. Артисти рақси халқӣ

3. Артисти рақси муосир.

ПайвандҳоВироиш