Малика Собирова
Малика Собирова Абдураҳмоновна – (22 майи соли 1942 - 27 феврали 1982), артисти балет, раққоса. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон. Ҳунарпешаи халқии СССР (1974), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ(1967)[2]
![]() | |
Таърихи таваллуд: | 22 май 1942[1] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт марг: | 27 феврал 1982 (39 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпешаи балет, раққоса |
Ҷоизаҳо: | |
![]() |
Зиндагинома Вироиш
Малика Абдураҳмоновна Собирова 22 майи соли 1942 дар Душанбе ба дунё омадааст. Солҳои 1953-1961 дар Омӯзишгоҳи академии хореографии ба номи А. Вагановаи шаҳри Ленинград таҳсил кардааст. Соли 1961 ва аз соли 1963 то охири умр ҳунарпешаи (солисткаи) Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ буд. Соли 1962-1963 дар саҳнаи Театри калони СССР шаҳри Москва таҳти роҳбарии Галина Уланова кор карда, санъати худро такмил дод. Собирова намояндаи барҷастаи мактаби русии рақси (балети) классикист. Ба санъати ӯ техникаи олӣ, фасоҳат ва дарки амиқи олами ботинии образҳои саҳнавӣ хос буд.
Образҳои саҳнавӣ Вироиш
Образҳои эҷодкардаи Собирова мукаммал ва серпаҳлӯ буданд. Одеттаи фидокор ва азиятдида, Одиллияи маккор ва дилфиреб, Лизаи ишвагар ва бепарво. Собирова дар балетҳои миллӣ як қатор образҳои дурахшон офарида, барои кушодани характери қаҳрамонон аз техникаи рақси классикӣ ва обуранги рақси милли тоҷикӣ истифода мебурд. Собирова унсурҳои рақси классикӣ ва миллии тоҷикро моҳирона ба ҳам мепайваст. Ба туфайли истеъдоди барҷастаи ҳунарпешагӣ ва техникаи моҳиронааш ба Собирова. муяссар шуд, ки дар балетҳои романтикӣ (“Жизель”, “Шурале”, “Ромео ва Ҷульетта”, “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Темурмалик” ва ғайра) партияҳои асосиро бо маҳорати комил бозад. Партияҳои драмматикӣ ва лирикиро низ бомувафақият иҷро мекард.
Образҳои хореографие, ки Собирова эҷод кардааст, хеле мукаммал ва аз ҷиҳати психологӣ амиқ буданд. Дар образҳои қаҳрамонию романтикии Жизель (“Жизель”), Заррина (Қиссаи кӯҳсор”), Саодат (“Писари Ватан”) ва ғ. Собирова тантанаи корнамоӣ ва фидокориро таҷассум кардааст. Фаъолияти консертии Собирова махсусан аз соли 1964 ривоҷ ёфт. Собирова партияҳои зеринро иҷро кардааст: Одетта («Кӯли қувон»-и П. И. Чайковский, 1962), Жизель (“Жизель”)-и А. Адан, 1963), Сарри (“Бо роҳи раъди ғуррон”-и А. Қароев, 1964), Заррина, Саодат (“Қиссаи кӯҳсор”, 1965 ва “Писари Ватан”-и Ю. Тер-Осипов, 1966), Китри (“Дон-Кихот”-и Л. Минкус, 1968), Ҷульетта”-и С. Прокофьев, 1969), (“Лайлӣ ва Маҷнун”-и С. Баласанян, 1970), Заррина (“Темурмалик”-и М. Ашрафӣ, 1972), Золушка (“Золушка”-и С. Прокофьев, 1973), Никия (“Баядерка”-и Минкус, 1974) ва ғ.
Собирова инчунин дар якчанд филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ иштирок кардааст: “1002 шаб” (1966), “Малика” (1967), “Адажио” (1971), “Қиссаи шарқӣ” (1972).
Мукофоту ҷоиза Вироиш
Лауреати конкурси байналхалқии балети классикӣ дар Варна (1964) ва конкурси байналхалқии артистони балет дар Москва (1969). Дорандаи Мукофоти давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ (1967), мукофоти комсомоли ленинии умумииттифоқ, мукофоти комсомоли ленинии ҶШС Тоҷикистон (1967). Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, “Нишони Фахрӣ” ва медалҳо мукофотонида шудааст.[3]
Эзоҳ Вироиш
- ↑ 1.0 1.1 Сабирова Малика Абдурахимовна // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ Собирова Малика Абдураҳмоновна
- ↑ Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 6. – Душанбе: Сарредаксияи Энциклопедияи советии тоҷик, 1985. - с. 82.
Эзоҳ Вироиш
Адабиёт Вироиш
- Народные артисты СССР. В 2-х тт. / Авторы-составители М. В. Музалевский и В. Л. Иванов. — М.: РИЦ «Кавалер», 2007.