Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) ба системаи комиссияҳои интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад, шахси ҳуқуқӣ ва мақоми доимоамалкунанда мебошад. Муҳлати ваколати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ 5 сол аст ва он ҳангоми интихоби ҳайати нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ қатъ мегардад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз Раиси КМИР, муовин ва 13 нафар аъзо иборат аст. Раис, муовин ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиро бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагон дар давоми се рӯзи баъди таъйин шудани интихобот интихоб мекунад.[1]

Раиси КМИР

вироиш

23 феврал — Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Шермуҳаммад Шоҳиён ба вазифаи раиси Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.[2]

Аъзоёни КМИР

вироиш

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 декабри соли 2014, раис, муовин ва 13 узви нави Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсиро, ки аз ҷониби раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуданд, тасдиқ намуд. Ба мақоми раиси КМИР - Шермуҳаммад Шоҳиён ва муовиниаш - Зокиров Саидбой таъйин шуданд. Зокиров Саидбой, раҳбарии Иттифоқи касабаи вилояти Суғдро ба уҳда дорад.

Дар қатори 13 узви тасдиқшудаи КМИР аз ҷумла: