Коммерсбонки Тоҷикистон

Коммерсбонки Тоҷикистон (номи пурра: ҶСК «Коммерсбонки Тоҷикистон») — яке аз бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон, созмонёфта дар заминаи ҶДММ ТАҚХ «Фардо»..

Коммерсбонки Тоҷикистон
ҶСК «Коммерсбонки Тоҷикистон»
Шакл Ҷамъияти саҳҳомии пӯшида
Фаъолият Бонки умумӣ
Соли таъсис 2017
Макон  Тоҷикистон: Душанбе, ноҳияи Сино, кучаи Ҷ. Расулов 10
Афроди калидӣ Саидмурадов Ибодулло Ҳабибуллоевич (Раиси Раёсат)
Сармояи аввалия 100 000 000 сомонӣ
Ҷамъияти асосӣ ҶСП «Фароз» - 100%
Вебгоҳ cbt.tj

Таърих

вироиш

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Коммерсбонки Тоҷикистон» тариқи табдилдиҳӣ дар заминаи ҶДММ ТАҚХ «Фардо» бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 10 октябри соли 2017, таҳти № 138 барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома ва таъсис дода шуд[1].

Таърихи ТАҚХ «ФАРДО» аз соли 2000-ум, вақте, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Музаффарият» созмон дода шуд, оғоз меёбад.

Дар оғози соли 2006, ҶДММ «Музаффарият» иҷозатномаи Бонки Миллии Тоҷикистонро таҳти № 001—2519 «А» барои бурдани фаъолият дар самти амалиётҳои молиявӣ ба даст овард ва ба ҶДММ МЗО «Музаффарият» табдил дода шуд[2].

Дар ҷараёни фаъолияти худ, зиёд гардидани шумораи мизоҷон ва зиёд гардидани талаботи аҳолӣ ба пешниҳоди доираи васеи хидматрасониҳои молиявӣ, ҶДММ МЗО «Музаффарият» сармояи оинномавии худро афзоиш дода, дар нимаи соли 2007, ҳамчун ҶДММ ТАҚХ «Музаффарият», бо иҷозатномаи дахлдори Бонки Миллии Тоҷикистон таҳти № 0001-2519 «Б», шинохта шуд.

Дар оғози соли 2016, ҳайати нав, бо таҷрибаи бой дар бозори молиявӣ, ребрендингро бо тартиботи аз нав бақайдгирии давлатӣ, анҷом дод. Дар охири моҳи июни соли 2016, иҷозатномаи Бонки Миллии Тоҷикистон таҳти БМТ № 0000062, барои иҷрои амалиётҳои бонкӣ, аз нав ба даст оварда шуд.

Имрӯз ҶДММ ТАҚХ «ФАРДО» ба системаи ягонаи бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, дар фаъолияти худ мувофиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Бонки Миллии Тоҷикистон, амал мекунад.

Соли 2024 дар ҷумҳурӣ 63 маркази хидматрасонии бонкӣ ва 11 филиали Коммерсбонки Тоҷикистон фаъолият мекунанд[3].

Амалиёт

вироиш

Рӯйхати амалиётҳои моиявӣ бо асъори миллӣ ва хориҷӣ:

  • Ҷалби пасандоз ва депозитҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
  • Додани қарзҳои хурд (ломбард ва ғайриломбард);
  • Кушодани суратҳисобҳои бонкӣ ва кор бурдан бо онҳо;
  • Интиқоли маблағҳо аз рӯи дархостҳои мизоҷон;
  • Пешниҳоди кафолат;
  • Амалиётҳои форвард ва своп;
  • Амалиётҳои хазинавӣ;
  • Ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ;
  • Додани кортҳои бонкии пардохт ва амалиёт бо онҳо;
  1. ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” ба фаъолият шурӯъ намуд. nbt.tj. 20 марти 2018 санҷида шуд.
  2. ҶСК «Коммерсбонкии Тоҷикистон» - Таърих(тоҷ.). www.cbt.tj. 20 марти 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 ноябри 2017.
  3. Таърихи Коммерсбонки Тоҷикистон. ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон". 10 Декабри 2024 санҷида шуд.

Пайвандҳо

вироиш
  • cbt.tj — вебгоҳи расмии Коммерсбонки Тоҷикистон